Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул 15 ҷангии ӯйғуртаборро ба Пекин супурд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Афғонистон понздаҳ тан аз ҷангиёни ӯйғуртабори Чинро, ки дар вилоятҳои Кобул ва Кунар дастгир шуда буданд, ба Пекин супурдааст.

Як мақоми амниятии афғон гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон чандин тан аз ҷангиёни ӯйғуртабори Чинро, ки дар манотиқи мухталифи ин кишвар боздошт шуда буданд, ба Пекин таслим кардааст. Ин манбаъ гуфтааст, ҳадафи Кобул аз ин иқдом, ташвиқи Чин аст то ба Покистон фишор биоварад, ки дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кунад. Бар пояи гузоришҳо, понздаҳ ҷангии ӯйғур ахиран аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар вилоятҳои Кобул ва Кунар дастгир шудаанд.

Як мақоми баландпояи Идораи амнияти миллии Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ин ҷангиён дар амалиёти моҳи гузаштаи боздошт шуда буданд: "Афғонистон бо Чин ҳамкориҳои худро тақвият мебахшад то дар ивази он Покистон зери фишори Пекин қарор гирад ва дар натиҷа аз ҳимояти Толибон даст бардорад ва ҳам ин гурӯҳро ба мизи музокира бикашонад."

Ин мақоми афғон дар нишасте, ки барои таслими шӯришиёни ӯйгур ба мақомҳои Чин баргузор шуд, ширкат доштааст.Бо вуҷуди он, ки ин афрод моҳи гузашта ба Чин супурда шудаанд, аммо хабари он рӯзи ҷумъа расонаӣ шуд. Аммо мақомоти сафорати Чин дар Кобул дар мавриди ин гузоришиҳо то ба ҳол чизе нагуфтаанд.

Мақомҳои амниятии афғон мегӯянд, ки ҷангиёни ӯйғур як урдугоҳи низомӣ дар наздикии марз бо Покистонро раҳбарӣ мекарданд. Бар асоси манбаъҳо дар идораи амнияти милии Афғонистон, ӯйғурҳо дар ин кишвар бо шабакаи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон фаъол аст, робита доранд.

Як сухангӯи Ҳаракати Толибони Покистон гуфтааст, ки ҷангиёни ӯйғур дар Вазиристони шимолӣ ҳузур доштанд, аммо пас аз он, ки артиши Покистон соли гузашта амалиёти низомиро дар ин минтақа роҳандозӣ кард, ӯйғурҳо ба Афғонистон фирор карданд.

Дар минтақаи Шинҷону Уйғури Чин асосан уйғурҳо ба сар мебаранд, ки мусалмонҳои суннимазҳабанд. Солҳои ахир миёни уйғурҳо равандҳои ҷудоихоҳӣ густариш ёфтааст ва аъзои гурӯҳҳои исломӣ ҳарчӣ бештар ба хансҳо, чиноиҳое, ки аксари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҳамла мекунанд. Бештари хансҳо ба Шинҷон барои кор дар конҳои нафт меоянд.

Дар гузашта низ мақомоти афғон шуморе аз ҷангиёнро, ки дар он кишвар дар сафҳои Толибон ва Ал-Қоида алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва эътилофи байналмилалӣ ҷанг мекарданд, ба кишварҳояшон таслим карданд. Аз ҷумл Кобул давоми солҳои ахир чанд тан аз аъзои ин гурӯҳҳорро ба Тоҷикистон таслим кардааст.

XS
SM
MD
LG