Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба ресторани хориҷиён дар Кобул


Дар ҳамла ба як ресторани фаронсавӣ дар Кобул -- пойтахти Афғонистон, 2 нафар кушта ва беш аз 15 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи 1-уми январ ба як ресторани фаронсавӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, 2 нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ бардоштаанд.

Шомгоҳи рӯзи ҷумъаи 1-уми январ ба як ресторани фаронсавӣ бо номи "Le Jardin" дар маркази шаҳри Кобул ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифтааст. Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса 17 тан ғайринизомиён захмӣ ва ду тани дигар ба ҳалокат расиданд.

Абдураҳмон Раҳимӣ афзуд, ки бар асари таркиши як мошини пур аз маводи тарканда, хонаҳои атроф дар маҳали ҳодиса низ тахриб шудаанд. Дар ин ҳодиса 15-17 тан захмӣ шуда ва ду тан, ки яке аз онҳо 13-сола ва дигаре 20-25 сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Вай афзуд, ки ҳадафи ин ҳамла як меҳмонхона будааст, ки ғайринизомиён дар онҷо иқомат мекарданд.

Расонаҳои дигар низ иттилоъ доданд, ки ин ресторан дар маҳале ҷойгир будааст, ки биноҳои муҳими давлатӣ дар онҷо воқеъ мебошанд. Ин ресторан дар миёни хориҷиён ва намояндагони ниҳодҳои дипломатии муқими Кобул, маъруф будааст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кардааст, ки як нафарро дар робита ба ин ҳамла боздошт кардааст. Дар ҳамин ҳол гурӯҳи Толибон масъулияи таркиши ресторани фаронсавӣ дар пойтахти Афғонистон ба ӯҳда гирифтааст. Зебуҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар Твиттери худ масъулияти ин таркиш аз ҷониби Толибонро бар ӯҳда гирифта ва навишт, ресторане, ки маҳали рафтуомади хориҷиён буд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ҳудуди се ҳафта қабл низ дар ҳамла ба як меҳмонхона, ки дар он шаҳрвандони Испания дар минтақаи Шерпури Кобул зиндагӣ мекарданд, ҳамла сурат гирифта буд. Дар ин ҳамла як шаҳрванди Испания ва чаҳор пулиси афғон ба ҳалокат расида буданд.

Таркиш дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

XS
SM
MD
LG