Пайвандҳои дастрасӣ

Кобулу Вошингтон дар мавриди созишномаи амниятӣ ихтилоф доранд


Раёсати ҷумҳури Афғонистон ихтилоф дар мавриди созишномаи амниятӣ бо Амрикоро таъйид кард.

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки амалиёт ва ҷустуҷӯи хонаҳо аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ, яке аз моддаҳои ихтилофбарангез дар созишномаи амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтон мебошад. Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳанӯз ҳам ихтилофи назар дар мавриди ҳамин модда дар мувофиқатномаи амниятӣ, вуҷуд дорад.

Пеш аз ин гуфта мешуд, ки танҳо додани масуният ба нерӯҳои амрикоӣ дар баробари додгоҳҳои Афғонистон, ягона мавриди ихтилоф миёни ҷонибҳо мебошад. Бархе гузоришҳо рӯзи душанбе ҳам гуфта буданд, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай яке аз моддаҳои мувофиқатномаи амниятӣ бо Амрикоро рад кадааст.

Рӯзи панҷшанбе намояндагони ҳама вилоятҳои Афғонистон дар Лӯи Ҷирга ширкат мекунад ва дар бораи ин мувофиқатнома тасмим хоҳанд гирифт. Бо тасмими онҳо, ояндаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон рӯшан хоҳад шуд ва дар сурати тасвиб ва имзои он, шуморе аз сарбозони амрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон хоҳанд монд.

Пеш аз ин рӯзномаи амрикоии "New York Times" ба нақл аз як мақоми баландпояи Амрико гуфта буд, ки ихтилофи мавҷуд ба он ҳадд ҷиддӣ нест, ки монеи имзои мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон шавад. Аммо Умар Самад, таҳлилгари афғон дар Амрико, ҳар ду мавриди ихтилоф миёни ду ҷонибро ҷиддӣ медонад. Оқои Самад ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳар ду ҷониб бояд ибтикореро ба хотири имзои ин созишнома рӯи даст бигиранд.

Амрико мегӯяд, ки агар мувофиқатномаи амниятӣ бо Афғонистон имзо нашавад, ҳамаи сарбозонашро то поёни соли 2014 аз Афғонистон берун мебарад.
Вошингтон ду сол пеш низ даст ба чунини иқдоми монанд дар Ироқ зада буд ва вақте Бағдод ба додани масуният ба сарбозони амрикоӣ розӣ нашуд, Амрико ҳамаи нерӯҳояшро аз он кишвар берун кард. Ҳоло пас аз тасмими ниҳоии Лӯи Ҷиргаи машваратӣ ва парлумони Афғонистон, сарнавишти мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон таъйин хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG