Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари Кабирӣ ба ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам шуд


Рӯҳуллоҳ Тиллозода

Рӯҳуллоҳ Тиллозода

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки писари калонии Муҳиддин Кабирӣ бо расондани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба Ҳоҷӣ Ҳалим ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ӯ кумак кардааст.

Бахши равобит бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Рӯҳуллоҳ Тиллозода -- писари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро барои дастрас кардани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд. Бар асоси гузориши расмии КДАМ, ки шоми 26 октябр тариқи ҳамаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд, Рӯҳуллоҳ ин корро 2 сентябри соли ҷорӣ бо дархости падараш анҷом дода, ҳамин тариқ, барои иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ваҳдат "ёрӣ додааст".

Рӯҳуллоҳ Тиллозода, писари бузурги Муҳиддин Кабирӣ ҳоло дар хориҷ қарор дорад ва бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз боздошти раҳбарони ҲНИТ аз Душанбе берун рафтааст. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Дар гузориши мақомот Ҷамшед Нарзуллоев - мудири ширкати "Бинокор-Сервис" (писарамма), Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, сардори шуъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" (бародари ҳамсар) ва Ҳикматулло Сайфов - ронандаи Муҳиддин Кабирӣ дар бораи чӣ гуна расондани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба дасти Ҳоҷӣ Ҳалим суҳбат карда, ӯро барои гӯё зери зарба мондани онҳо накӯҳиш карданд. Ин афрод рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ боздошт шудаанд.

Ҷамшед Нарзуллоев дар ин навори мақомот гуфт, "Рӯҳуллоҳ ба пеши ман омад ва гуфт, ки бояд 1 миллиону 200 ҳазор долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим диҳем. Чорсад ҳазорашро аз "Бинокор-Сервис" гирифту ҳаштсад ҳазори дигарашро аз сейфи худ овард. Баъдан ҳамаи пулро дар халта андохт ва ба Ҳоҷӣ Ҳалим занг зад. Сипас бо ронандаи Муҳиддин Кабирӣ ба хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим рафтанд."

Ҳикматулло Сайфов, ронандаи Муҳиддин Кабирӣ низ дар ин гузориш ҳарф зад ва чӣ гуна то хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим расидану баргаштанашонро нақл кард. Ӯ гуфт, "ба хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар назди корхонаи нонпазӣ рафтем. Рӯҳуллоҳ даромад ва ман дар мошин истодам. Баъд аз он ки пулҳоро дода баромад, ба сӯи хонаи мо омадем ва ман аз мошин фаромадам. Ӯ ҳам рафт."

Аммо Рӯҳуллоҳ Тиллозода дар як номаи катбӣ ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда ва онро бофта донист.

Бахши равобит бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар хулосаи ин гузориши худ ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ваҳдатро “ҳосил”-и сармоягузортҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ донистанд. Онҳо аз Муҳиддин Кабирӣ раҳбари фирории ҲНИТ ном бурда, аз ӯ интиқод карданд, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои ғарбӣ паноҳ бурдааст, аммо ҳанӯз аз танқиди беҷо нисбат ба Тоҷикистон даст накашидааст. Ба иддаои онҳо, ин амали Кабирӣ обрӯи Тоҷикистонро дар назди созмонҳои байнулмилалӣ поин мебарад.

Номи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, баъд аз ҳамлаҳои чоруми сентябр расонаӣ шуд ва мақомот ӯро барои ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона айбдор карда, амалиёти густурдаро барои боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш роҳандозӣ намуданд. Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 29 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд.

Аммо ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як суҳбати видеоии Муҳиддин Кабирӣ пайдо шуд, ки макони сабташ маълум нест, вале дар он оқои Кабирӣ пайвандаш бо Назарзода ва ҳамлаҳои чоруми сентябрро рад мекунад. Ӯ дар ин навор мегӯяд, баръакс Абдуҳалим Назарзода дар хидмати ҳукумат қарор дошт ва ҳатто дар пайи интихоботи парлумонии соли 2010 ба ӯ ҳушдор дода будааст, ки дар сурати даст ба тазоҳурот задани наҳзатиҳо аз силоҳ истифода хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG