Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интерпол Кабириро расман таҳти таъқиб қарор дод (ВИДЕО)


Интерпол ё пулиси байналмилалӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро расман таҳти пайгард қарор додааст. Ду аксу муаррифиномаи кӯтоҳи Кабирӣ дар саҳифаи расмии Интерпол нашр шуда ва ӯ ба "терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ" муттаҳам шудааст. Интерпол мегӯяд, ки раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад.

Муҳиддин Кабирии 51-сола, ки Интерпол ӯро зодаи ноҳияи Ваҳдат (Орҷеоникзеободи собиқ) ном бурдааст, аз моҳи марти соли гузашта ба ин тараф дар хориҷ ба сар мебарад. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст ва чанд дафъа гурӯҳи занону ҷавонон низ пушти дари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафорати Олмон таҷаммӯъ карда ва хоста буданд, Аврупо Кабириро ба Тоҷикистон таслим кунад.

Муҳиддин Кабирӣ баъди эълони натиҷаҳои интихоботи соли 2015

Муҳиддин Кабирӣ баъди эълони натиҷаҳои интихоботи соли 2015

Моҳи июли соли равон Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, "мо бо мақомоти Интерпол барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ суҳбат доштем ва ҳоло ӯ аз сӯи пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешавад". Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон он вақт дар бораи иттиҳоми мушаххас алайҳи раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ суҳбат накарда, вале гуфта буд, онҳо бо кишварҳое, ки эҳтимол меравад Муҳиддин Кабирӣ аз ҳудудашон убур кунад, низ дар бораи боздошт ва истирдоди ӯ ҳамкорӣ доранд.

Кабирӣ ба дунболи интихоботи порлумонии соли гузашта, ки дар он ҲНИТ ду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд. Вай то замони боздошти ҳамҳизбонаш дар моҳи сентябри соли 2015 дар Туркия ба сар мебурд.

Рӯзи 17-уми сентябри соли гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ӯро дар даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, айбдор дониста буд.

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст."

Муҳиддин Кабирӣ баъдан дар вокуниш ба ин изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ин иттиҳомотро комилан рад мекунад. "Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд," – афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ дар соли 2006 ба дунболи даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расида ва ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ интихоб шудааст.

Дар ҳоли ҳозир 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо ба узвият дар гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ муттаҳам мешаванд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳукуматҳои худкома ин пулиси байналмилалиро ба як василаи таъқиби мухолифини худ ва дигарандешон табдил додаанд.

Дар чанд маврид бо дастури Интерпол дар кишварҳои хориҷӣ мухолифини сиёсии ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ дастгир шудаанд. Аз ҷумла, нахуствазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов соли 2013 дар фурудгоҳи Борисполи Украина низ бо дастури Интерпол боздошт шуд ва қариб 2 моҳро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” низ ду дафъа – дар солҳои 2013 ва 2014 – дар Дубай ва Истанбул бо дархости Интерпол дастгир шуд. Собир Валиевро дар моҳи августи соли 2015 дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова низ бо дастури Интерпол боздошт карданд, вале ӯ баъди 40 рӯз раҳо ёфт.

Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳои зидди ин нафаронро сиёсӣ унвон мекунанд ва кишварҳои узви Интерпол – Украина, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Молдова – дар ниҳоят аз истирдоди онҳо ба Душанбе худдорӣ карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG