Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ: Сафари ман ба қатъи фаъолияти ТВ "Сафо" рабт надорад


Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ мегӯяд, сафари вай ба Русия рабте ба мутаваққиф шудани барномаҳои ТВ "Сафо" надорад.

Раҳбари ҲНИТ рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар пайи бозгашташ аз Русия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "аслан ҳадафи сафари ман ба Русия, ширкат дар Форуми байналмилалии ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор шуд, буд. Аммо чун билети бозгашт худи ҳамон рӯз вуҷуд надошт ва ман гуфтам, чӣ мешавад, як-ду рӯз, ки ба рӯзҳои истироҳатам рост меомад, ба Маскав биравам ва бо дӯстону ҳамватанон мулоқоте кунам. Ба ин хотир сафари ман ҳеҷ рабте ба фаъолияти ТВ "Сафо" надошт ва барномаи мо фарқ мекард". Ҳарчанд ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, як сӯҳбате бо дигар аз шабакаи телевизионии русӣ дар Маскав анҷом додааст.

Аммо раҳбари ҲНИТ дар мавриди дурнамои фаъолияти ин ҳизби сиёсӣ гуфт, ки "ҳоло интихоботи президентиро таҳлил дорем ва табиист, ки дар ин интихобот нуқтаҳои қувват ва заъфи худро доштем ва сари заъфи худ кор карда истодаем. Бояд онҳоро ошкор ва роҳҳои ислоҳи онро ҷустуҷӯ намоем, то дар интихоботи парлумонӣ такрор нашаванд. Аммо ҳатман ба интихоботи парлумонии соли 2015 омодагӣ мегирем. Дар ин замина корро аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба "Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ" шурӯъ хоҳем кард. Чун то он замоне, ки дар қонунгузории мо тағйирот ба вуҷуд наояд, мо интизори як интихоботи озоду шаффоф демократӣ надошта бошем. Албатта мушкили мо танҳо қонунҳо нестанд, балки татбиқи қонунҳо ҳастанд. Чун барои мисол, дар қонун ошкор навишта нашудааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ намоянда надошта бошанд. Бинобар ин мо мехоҳем дар қонун ба таври ошкор навишта шавад, ки ҳизбҳои сисёӣ дар ҳайати ин комиссиюнҳо намоядаи худро дошта бошанд."

Бо он, ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, интихоботи президентӣ умедҳоро барбод дод ва ба интихоботи парлумонӣ низ умеде намондааст, вале меафзояд, набояд, ҳамаро ҳолати ноумедӣ фаро бигирад ва Худо накарда, таъсири он барои ҷомеа ва ба хусус насли ҷавон, ки ҳанӯз ҳам пурра ноумед нашудаанд, бад хоҳад буд.

Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ ба руйхати тозаи “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” шомил гардид, ки ин феҳрист охири моҳи гузашта нашр шуд. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ин хабарро аз матбуот ва табрикоти дӯстон дарёфтааст. Вай афзуд, ҳоло хабар надорад, ки аз рӯи чӣ меъёрҳое ворид ин феҳрист шудааст, ҳарчанд соли гузашта исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шомили ин руйхат шудааст.

Ба таъкид ҷаноби Кабирӣ, ворид шудани исми Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи "500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон" таблиғоти густардаеро дар дохил дошт ва ин албатта то ҳадде ба сатҳи худшиносӣ ва ифтихороти миллӣ таъсир расонид. Ба ин далел ӯ мегӯяд, шояд имсол ҳам таваҷҷӯҳ ба ин феҳрист дар пайи таблиғоти соли гузашта бошад. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, "шояд фаъолияти шахсии ман дар хориҷи кишвар, ба хусус ширкат дар нишасту конфаронсҳо ва симпозиумҳои илмӣ ва сиёсии гуногун ва бардоштани масоили умдаи олами ислом, яке аз далелҳои ворид шудани исмам ба ин феҳрист бошад."

Бо ин ҳам раҳбари ҲНИТ мегӯяд, агар дурусттар таҳлил мекарданд, дар Тоҷикистон даҳҳо нафаре пайдо мешуд, ки барои рушди дини мубини ислом ва худшиносии исломӣ, хидмат кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG