Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

К+ барои эҳёи бахши тоҷикистониаш сармоя мехоҳад


Мусоҳибаи У.Қувватов бо телевизиони К+

Мусоҳибаи У.Қувватов бо телевизиони К+

Як масъули телевизиони маҳвораии К+ ба радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бахши тоҷикистонии худро фаъол кунад. Бахитҷон Кетебоев, раиси шӯрои мудирони ширкати “К-плюс” ба таври хаттӣ ба чанд саволи радиои Озодӣ посух дод.


Оқои Кетебоев дар номаи электронии худ менависад, ки шабакаи “К-плюс” ният дорад, барои фаъол кардани бахши тоҷикии ин телевизион сармоя пайдо кунад. Ӯ мегӯяд, чандин сол фаъолияти бахши тоҷикӣ “аз ҳисоби телевизион” ба роҳ монда шуда буд. Вале бо гузашти вақт, “ба мо машварат дода шуд, ки барои маблағгузории кори бахши хабарии редаксияи тоҷикӣ аз шахсият ё созмону ширкатҳои ҷудогона маблағ пайдо кунем”, менависад ӯ. Бо баланд шудани таваҷҷӯҳи ҷонибҳо ба рӯйдодҳои Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013, мегӯяд Кетебоев, “ба мо дубора фаъол кардани бахши тоҷикиро пешниҳод карданд”. Ба қавли ин масъули телевизиони “К-плюс”, ҳоло телевизион барои хоҳишмандони ширкат дар барномаҳояш пешниҳод мекунад, ки “дар маблағгузории ин телевизион иштирок кунанд”. Ӯ мегӯяд, ки дар асл чунин пешниҳод на танҳо барои хоҳишмандони фаъол кардани бахши хабарҳо аз Тоҷикистон, балки барои дигар редаксияҳо ҳам карда мешавад.

Чанд рӯз пеш аз ин, Умаралӣ Қувватов, сарвари созмони оппозитсионии "Гурӯҳи 24", ки дар Маскав фаъолият мекунад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки телевизиони “К-плюс”ба ӯ пешниҳод кардааст, ки барои иштирокаш дар барномаҳои ин шабака пул пардохт кунад.

Бахитҷон Кетебоев мегӯяд, ки ин телевизион аз Қувватов дар моҳҳои сентябр ва октябри имсол ду дафъа 150 ҳазор рубл маблағ гирифтааст. “Ин пулҳо барои иҷораи студия ва ҷалби кормандони телевизион дар сабти мусоҳибаҳо гирифта шуданд. Пахши мусоҳибаҳои Қувватов ба таври ройгон сурат гирифтааст”, менависад масъули ин ширкат. Ӯ инчунин мегӯяд, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ муроҷиати расмӣ ва ғайрирасмиро “дар робита бо Умаралӣ Қувватов дастрас накардааст”.


"К+" ширкати телевизионии мухолифи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар шаҳри Лондони Бритониё қароргоҳи марказӣ ва дар Маскав намояндагӣ дорад. Ин шабака бори аввал моҳи август Умаралӣ Қувватов, собиқ директори генералии ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон»-ро ҳамчун раҳбари созмони нави мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» муаррифӣ кард. То ба имрӯз Умаралӣ Қувватов чанд бор ба танҳоӣ ва ду маротиба бо иттифоқи Додоҷон Атовуллоев, журналист ва муассиси ҷунбиши «Ватандор» тариқи «К+» сӯҳбат карда, сиёсатҳои ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд.

Барномаҳои "К+" ба пахши хабару гузоришҳо аз минтақаи Осиёи Марказӣ ихтисос ёфта, аксар маводи таҳлилиаш хусусият оппозитсионӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG