Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати телевизионии "К+" аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон хостааст, маблағи сӯҳбатҳои худро пардохт намоянд.

Лора Сибулак, продюсери барномаҳои ин шабака дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски "К+" телевизиони тиҷоратист, ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва дар навбати аввал ба Умаралӣ Қувватов, сарвари созмони "Гурӯҳи 24" пешниҳод шудааст, ки маблағи баромадҳояшро пардохт кунад.

Ӯ гуфт, "музокироти мустақими роҳбарияти телевизион бо худи Қувватов идома дорад ва дар бораи маблағ ҳам худи онҳо гуфтугӯ мекунанд. Ба ман ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо маълум нест."

"К+" ширкати телевизионии мухолифи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар шаҳри Лондони Бритониё қароргоҳи марказӣ ва дар Маскав намояндагӣ дорад. Ин шабака бори аввал моҳи август Умаралӣ Қувватов, собиқ директори генералии ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон»-ро ҳамчун раҳбари созмони нави мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» муаррифӣ кард. То ба имрӯз Умаралӣ Қувватов чанд бор ба танҳоӣ ва ду маротиба бо иттифоқи Додоҷон Атовуллоев, журналист ва муассиси ҷунбиши «Ватандор» тариқи «К+» сӯҳбат карда, сиёсатҳои ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд.

Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими «К+» -ро таъйид кард ва гуфт, сарварони ин шабака аз ӯ хостаанд, барои баромадҳояш 1 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунад. Вай иддао кард, ки “тавассути манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон” дарак ёфтааст, ки мақомот пардохти ин миқдор маблағро ба «К+» ваъда додаанд. Вай иддао кард, ки ин телевизиони маҳвораӣ “ҳамчунин як гурӯҳи рӯзноманигорони демократмаобро низ истихдом кардааст, то дар бораи сиёсатҳои Тоҷикистон сӯҳбат кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши «Ватандор» мегӯяд, "К+" аз ӯ барои сӯҳбатҳояш пул нахостааст. Ба қавли Атовуллоев, ӯ бо «К+» ҳамкории дерина дорад ва онро "як падида, минбари озоди розу ниёзи мардум" мешиносад ва бо роҳбаронаш ҳам муносибати хуб дорад. "Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ба ин телевизион ба хотири сухан надодан ба мухолифин "забон" ёбад",-мегӯяд раҳбари "Ватандор". Мавсуф низ аз истихдоми як медиа-гурӯҳи Тоҷикистон сӯҳбат кард, ки барои баромадҳо дар «К+» вориди Маскав шудааст. Тасдиқи ин хабар дар ҳукумати Тоҷикистон имкон надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG