Пайвандҳои дастрасӣ

Номҳо ба "қонунӣ" ва "ғайриқонунӣ" тақсим хоҳанд шуд?


Вазорати адлияи Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон”, мехоҳад, номгузории афродро дар кишвар ба танзим орад. Вале оё ин талош аҳдофи дигаре дорад?

Тасмими Вазорати адлияи Тоҷикистон барои тағйири Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон дар ҷомеа вокунишҳои гуногунеро ба миён овардааст. Тарҳи нав қарор аст гузоштани "номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд", манъ шавад. Ҳамчунин дар ин тарҳ омадааст, ки "ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии байни одамон мегардад," манъ гардад.

Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон номҳои ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагонро дошта, ҳазорон нафар дар таркиби ном ва номҳои хонаводагии худ замимаҳое чун "мулло", "тура", "сӯфӣ" ва "хоҷа" доранд. Гумон меравад, ин иловаҳо баёнгари мансубияти шахс ба табақаҳои муайяни аҳолист.

Ҷалолиддин Раҳимов, муовини сардори раёсати сабти аҳволи шаҳрвандӣ (САҲШ) дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Агар лоиҳаи илова ба қонун қабул шавад, дар сурати номҳои арабиву бегона аз фарҳанги тоҷикӣ гузоштани кӯдакон аз ҷониби волидайн он дар САҲШ ба қайд гирифта намешавад. Вақте як нафар ба фарзандаш номи номуносиб пешниҳод мекунад, дар САҲШ барояш номҳои тоҷикӣ пешниҳод карда мешавад ва дар асоси он ҳуҷҷатгузорӣ сурат мегирад. Ин лоиҳаи қонун барои пешгирӣ кардан аз номҳои паррандаву дарранда пешбинӣ шудааст.”

Дар ҳоле ки бархе аз шаҳрвандон пешниҳоди навро хилофи ҳуқуқи инсон меноманд, фарҳангшиносон бар инанд, ки давлат дар ҳолати зарурӣ ҳақ дорад, ба ин риштаи, зоҳиран, хусусӣ, дахолат кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷӯҳ ба номҳои арабӣ бештар шудааст. Бар пояи оморҳои расмӣ дар соли 2014 бештар аз 30 ҳазор нафар номҳои худро иваз кардаанд.

Зафар Мирзоён

Зафар Мирзоён

Зафар Мирзоён, фарҳангшиноси тоҷик, мегӯяд, бисёре аз номҳои бегона натиҷаи таҳоҷуми фарҳангӣ ва ишғоли ин сарзамин аз тарафи арабу муғулу турк ва русҳост ва давраи истиқлолият имкон медиҳад, номҳои форсӣ-тоҷикӣ эҳё шаванд: “Дар даҳ соли охир афроде пайдо шуданд, ки номҳои мазҳабгароёнаро кӯр-кӯрона ҷорӣ карданд. Ҷамшед худашро Худо медонист гуфта, номи Ҷамшедро ба Абӯбакру Мустафову Абдулло иваз карданд. Ҷавонон низ аз дунболи ҳамин гуна афрод рафта, баъзеҳошон номи худро иваз карданд. Баъзеи дигар номи фарзандонашонро арабӣ мегузоранд. Ин нодуруст аст.”

Аммо Аъзамшоҳ Шрговадӣ, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ин гуна номҳо нишонаи аслу насаб ва шаҷараи инсон аст, на даъват ё тафриқаандозӣ. Ба андешаи ӯ, мардуми Шарқ ҳазорсолҳост, ки ба худ тахаллус мегузоранд ва ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи онҳост. Гузоштани тахаллус ҳанӯз ҳам дар Эрону Афғонистон роиҷ аст. Ин ҷомеашиноси тоҷик меафзояд дар Хуҷанд ашрофзодаҳое буданд, ки мардум онҳоро бо номи “тӯра” мешинохтанд. Ё хонаводаҳоро бо номи “халифа” ва “шайх”-у ғайра мешиносанд: “Чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии вазорати адлия бо пешниҳоди ин тарҳи қонун аз байн бурдани номҳои арабӣ аст. Аммо мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем номҳои мазҳабӣ ё арабиро аз байн барем. Муҳаммаду Мустафо ва Аливу Акбар ба мо то ба ҳадде наздик шудаанд, ки дигар касе эҳсос намекунад, инҳо арабӣ бошанд. ”

Бо он ки ҳанӯз тарҳи қонун қабул нашудааст, зоҳиран бо дастуре шӯъбаҳои сабти аҳоли шаҳрвандӣ пур кардани ҳуҷҷатро барои номҳои муайян қабул надоранд. Абӯбакр Ҳайдаршоев, сокини 26-солаи Душанбе, мегӯяд бародарзодаашро, ки ба ӯ Акбарҷон, номи бобояшонро гузоштанд, дар САҲШ-и яке аз ноҳияҳои Душанбе сабт накарданд. Танҳо баъд аз иваз кардани номи “Акбарҷон” ба “Маҳмудҷон” тифл сабти ном шудааст.

Абӯбакр мегӯяд, ҳамаи аъзои оилаи онҳо номҳои мазҳабӣ доранд. Онҳо номро танҳо ба хотири эътиқодашон ба мазҳабу дин мегузоранд, на барои он ки бо истифода аз ин номҳо миёни мардум худро “як сару гардан боло” эҳсос кунанд: “Албатта, бо доштани номҳои мазҳабӣ ифтихор мекунем, аммо на дар ҳама ҷой. Бо шунидани номҳои арабӣ маъмулан одамони мазҳабӣ муносибаташонро дигар мекунанд. Эҳтиромашон бештар мешавад, аммо одамони дунявӣ аслан эътибор намедиҳанд. ”

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, шояд ҳадафи асосӣ на ин номҳо, балки тахаллус ё пасвандҳое, чун “тура”, ”халифа, ”мулло”, ”хӯҷа”, “шайх” ва монанди инҳо бошад, ки бахше аз мубориза барои коҳиши нуфузи рӯҳониён ва мазҳабгароӣ дар кишвар буда метавонад. Дар пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон, гуфта шудааст, ки чунин изофаҳо боиси тафриқаандозӣ миёни одамон мешаванд. Масъулони Маркази исломии Тоҷикистон ба ин розӣ нестанд.

Ҷалолиддини Хомӯшӣ, масъули Раёсати фатвои Маркази исломӣ гуфт, дар миёни ҳама қавмҳо, новобаста ба дини онҳо номҳои аҷибу ғариб шунида мешавад. Масалан, мардуми рус номҳое мисли Волков ва Медведев доранд. Ба қавли ҷаноби Хомӯшӣ тахаллусу унвонҳо дар китобҳои мӯътабари исломӣ, аз ҷумла дар китобҳои Имоми Аъзам низ оварда шудаанд. Аз нигоҳи ислом муҳим маънои шинаму хуб доштани ном аст. Новобаста аз он, ки ном ба забони арабист ё форсиву дигар забонҳо: “На танҳо дар миёни ходимони дин, далки дар миёни ходимони давлатӣ ҳам чунин унвонҳо дида мешавад. Масалан як нафар чанд сол раҳбарӣ карда бошад, мардум ӯро раис мегӯянд. Ҳатто агар аз мансаб барканор шуда бошад ҳам. Бинобар ин андешае, ки ном гӯё тафриқаро ба миён меорад, асоси эътиқодиву динӣ надорад. ”

Файзиниссо Воҳидова

Файзиниссо Воҳидова

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, тарҳи пешниҳодӣ хилофи ҳам Сарқонун ва ҳам Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад.Зеро бино бар ин санадҳо, шахс дар интихоби ном озод буда, танҳо баъди ба балоғат расидани фарзанд худи вай ҳақ дорад, номашро иваз кунад: “Вақте Вазорати адлия амр медиҳад, ки шаҳрвандон ба фарзандаш кадом номро гузоранд ё кадоме аз пасвандҳо ба монанди “тура”, ”халифа, ”мулло”, ”хӯҷа”, “шайх” гузошта нашавад, ин дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон аст ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Вақтҳои охир ба назар чунин мерасад, ки мақомоти давлатӣ ягон мушкили дигар надоранд. Гоҳ ба риш мечаспанду гоҳ ба сатру гоҳ ба номҳо. Онҳо моро хандахариши ҷомеаи ҷаҳонӣ мекунанд. Дар ягон кишвари демократӣ ин гуна бархӯрд вуҷуд надорад.”

Вокуниши шаҳрвандон дар пурсиши сарироҳии Озодӣ ба ин мавзӯъ низ омехта аст. Муллоабулҳамид, яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, номи вайро падараш гузоштааст. Ин номи бобояш буда, ба ҳеҷ ваҷҳ онро иваз нахоҳад кард. Вай меафзояд: “Номгузорӣ ҳаққи конститутсионии ман аст. На Вазорати адлия ва на ягон ниҳоди дигар наметавонад, ба касе амр диҳад, ки ин номро нагузору фалон номро гузор. Номи ман гузаштаи ман аст. Таърихи ман аст ва ба он эҳтиром дорам. Иваз кардани номам беэҳтиромӣ ба гузаштаам аст.”

Лола ба фарқ аз Муллоабдулҳамид аз ин тарҳи қонун истиқбол мекунад. Вай мегӯяд, гузоштани номи ҳайвонону ашё ё маҳсулот ба инсонҳо комилан хатост: “Инсон бояд номи инсонӣ дошта бошад, на ин ки номи ҳайвонӣ. Ман тасаввур карда наметавонам , ки номам Тутиниссо ё Қумриниссо бошад.”

Лола аз соҳибони чунин номҳо узр мехоҳад, ва мегӯяд, “лекин агар падарам ба ман ҳамин гуна ном мегузоштанд, онро иваз намекардам. Чун аз қарору қонун дида эҳтироми падарам болотар аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG