Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумъахол никоҳ бо бародари шавҳарашро напазируфт ва... тирборон шуд


​Ҷумъахол, зани 30-сола дар Сарипул, ба сабаби он ки арӯсӣ бо бародари шавҳарашро қабул накард, аввал латту кӯб ва сипас тирборон шудааст. Хонаводааш иддао доранд, дар ин қазия пулис даст дорад.

Ҷумъахол, сокини 30-солаи вулусволии Сайёди вилояти Сарипул, баъд аз он ки арӯсӣ бо Икром - бародари шавҳарашро напазируфт, латту кӯб ва тирборон шудааст. Модари ӯ 7 июн дар сӯҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса чаҳор рӯзи пеш иттифоқ уфтода ва, бино ба иддаояш, дар ин кор пулиси маҳаллӣ даст дорад.

Масъулони раёсати умури занони Сарипул бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, шавҳари Ҷумъахол, ки дар сафи пулис кор мекард, ду моҳ пештар дар даргирӣ бо ҷангиёни Толибон ҷони худро аз даст дода ва бародараш дарҳол зани ӯро барои ақди никоҳ хостааст.

Насима Орзу -- раиси умури занони Сарипул афзуд, аммо Ҷумъахол ин пешниҳодро напазируфта, барои ёрӣ ба раёсати умури занон муроҷиат кардааст. "Мо пулисро аз ин вазъ огоҳ карда ва хостори кумак шудем. Аммо таваҷҷуҳи хос нашуда ва онҳо хонумро таслими хонаводаи шавҳараш мекунанд. Ин бечораро аввал латту кӯб карда ва баъдан тавассути пулисҳои маҳаллӣ тирборон менамоянд," -- афзуд ӯ.

Модари Ҷумъахол ҳам иддао дорад, пулиси маҳаллӣ омили аслии қатли духтараш аст, ки ӯро ба зӯр ба хонаводаи шавҳараш таслим намудааст. "Духтаракамро бераҳмона куштанд. Пулис аз онҳо тарафдорӣ мекунад. Давлати исломӣ гуфта ба ин дарвоза омадем ва дод мезанем. Агар ба доди мо касе бирасад ва бишнавад, қотилони духтаракам ва омилонашро ҷазо бидиҳад. Ё маро ҳам бикушанд ва дар назди духтарам гӯр кунанд. Ислом ин аст, мусулмонӣ ин аст?" -- таъкид дошт ӯ.

Амонуллоҳ, бародари зане, ки тирборон шудааст, низ аз камтаваҷҷӯҳии маъмурони пулис дар қазияи хоҳараш шикоят дорад. Ӯ мегӯяд, "пеши мудири ҷиноӣ рафта ва гуфтам, ки ҷони хоҳарам дар хатар аст. Аммо таваҷҷӯҳ накард. Баръакс, асабонӣ шуд. Гапамро гӯш накард ва хоҳарамро ба дасти онҳо таслим кард ва онҳо ду рӯз хоҳарамро таҳти латту кӯб қарор доданд, ки ҳатто ҳамсояҳояшон натавонистанд ӯро наҷот бидиҳанд."

Як мақоми пулиси Сарипул тирборон шудани Ҷумъахолро тасдиқ кард, вале гуфт, ки таҳқиқоти қазия ҳоло ҷараён дорад. Ӯ афзуд, "ҳар касе, ки дар ин қазия даст дошта бошад, боздошт ва ба панҷаи қонун супурда хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистон ибрози нигаронӣ шудааст, ки озору азияти мардум аз сӯи пулис ба ҷойи таъмини амният, баръакс, сабаби дурии мардум аз давлат хоҳад шуд. Пеш аз ин ҳам бархе аз ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи сокинон аз сӯи пулисҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон хабар дода буданд.

Қазия латту кӯб ва тирборон шудани Ҷумъахол дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ як гурӯҳ аз мардон Фархунда ном духтари афғонро бо иттиҳоми ин ки гӯиё китоби Қуръонро оташ задааст, латту кӯб карда оташ заданд ва сипас ба рӯдхонаи Кобул партофтанд. Қатли ин зани ҷавон дар остонаи таҷлил аз Наврӯзи имсол эътирози зиёдеро дар Афғонистон ва, инчунин, гӯшаҳои дигари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон барангехт. Дар ҳоле ки мақомоти пулиси Афғонистон гуфтанд, моҷаро замоне рух додааст, ки Фархунда бо муллое, ки дар он маҳал таъвиз ва ё туморнавис буд, мушоҷара ва ё муноқишаи лафзӣ мекунад ва баъд аз он, ӯ ин духтарро ба сӯзондани Қуръон муттаҳам мекунад ва мардуми хашмгин Фархундаро ба қатл мерасонанд.

Рӯзи 22 март дар маросими бахоксупории Фархунда ҳазорон нафар аз намояндагони қишрҳои мухталиф ҳузур доштанд ва аммо занони иштироккунанда дар ин маросим иҷоза надодаанд, ки тобути ин духтар аз тарафи мардон бардошта шавад. Дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъ ба таври густурда баррасӣ шуда, иштирокдорони маҳфили "Ҷаҳони андеша" рӯзи 8 апрели соли ҷорӣ тайи як ҳамоиш гуфтанд, таассуби динӣ ва камсаводии ҷавонон метавонад сабаби ҳодисаҳое мисли ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Фархунда дар Афғонистон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG