Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон рӯзи 9 июл ба Тоҷикистон меояд


Нишасти Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Нишасти Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро ба таърихи сешанбеи 9-уми июл таъин кард.

Ин тасмим рӯзи 2 июл дар нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо ширкати имомхатибон ва намояндаи Кумитаи дин гирифта шуд.

Масъулони Шӯрои уламои дини Тоҷикистон гуфтанд, ки "оғози моҳи Рамазон дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон мушаххас карда шудааст." Дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки "азбаски Тоҷикистон минтақаи кӯҳист ва 36 соати аввали дидани моҳи нав имкон надорад, ба ин хотир рӯзи нахусти моҳи Рамазон таърихи 9-уми июл таъин гардидааст."

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои дигари мусалмоннишин рӯзи аввали моҳи Рамазон душанбеи 8 июл таъйин гардидааст.

Масъулони Шӯрои уламои Тоҷикистон аз паҳн шудани тақвимҳои тақаллубӣ ба муносибати моҳи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки вақти саҳархезӣ ва ифтор дар ин тақвимҳо мухталиф ва ҳатто то ним соат дертар сабт шудааст, хостори ба масъулият кашондани ноширони ин тақвимҳо шудаанд.

Тибқи тасмими Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон саҳархӯрак соати 3:18 дақиқа ва ифтор ё шом 20.00 муқаррар шудааст. Ҳамчунин бар асоси тасмими Шӯрои уламо, андозаи садақаи Фитр баробар ба ду кило гандум, яъне 3 сомонӣ таъин гардида ва ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ 350 сомонӣ закот муайян шудааст.

Шӯрои уламо ба кӯтоҳ хонда шудани намози таровеҳ ва хатми Қуръон дар шабҳои рамазонӣ таъкид кардааст. Сабаби ин амр гармии ҳаво ва хаста шудани мардум унвон шудааст. Ин ниҳод аз мардум даъват кардааст, ки ифторро низ бо "ҳадду ҳудуд" -и муайян барпо кунанд, то боиси нороҳатии мардуми нодор нашавад.

Талоқи зани маҳбуси якумрӣ, тифорати узви инсон ва бунёди масҷидҳо

Шӯрои Уламо дар ин нишаст ба баъзе масъалаҳои дигар низ рӯшанӣ андохта ва фатво содир кардааст. Аз ҷумла нисбати зане, ки шавҳараш дар маҳбаси якумра аст, фатво шудааст, ки "дар сурати ҳар моҳ имкони мулоқот доштани ин зан бо ҳамсараш, зан ҳақ надорад, ки аз шавҳараш талоқ талаб кунад.

Шӯрои уламо дар робита ба тиҷорати узви инсон, фатво содир кардааст, ки ин амал қатъиян ҳаром аст. Аммо шӯро дар мавриди истифодаи узви шахси зинда ба зинда ва ё аз шахси мурда ба зинда ба мувофиқа нарасидаанд ва ин масъаларо ба ҷаласаи баъдӣ вогузор кардаанд.

Зимнан, Шӯрои уламо бордоркунии сунъиро дар он маврид ҷоиз донистааст, ки агар аз никоҳи занушавҳарӣ бошад.

Нишасти Шӯрои уламо масъалаи бунёди масҷидҳо тавассути афроди алоҳидаро низ ба баррасӣ гирифта ва таъкид шудааст, ки "ҳар кас набояд аз пеши худ масҷид созад ва барои сохтмони масҷид бояд санадҳо дошта бошад."

Вале нуктае ки дар ин робита таъкид шудааст, ин аст, ки зиёд шудани масҷидҳо боиси тафриқа миёни сокинон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозат надоданд, ки дар зодгоҳаш - ноҳияи Файзобод - масҷид бисозад ва нозирони умур низ мегӯянд, ки тасими ахири Шӯрои уламо ба ҳамин маврид рабт мегирад.
XS
SM
MD
LG