Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми дзюдои Аврупо


Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Туркия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо (солҳои таваллудашон 1998-2000-ум), ки рӯзҳои 7-8-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардид.

Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило баъди се пирӯзӣ бар Киллиан Пиротон (Люксембург), Никита Иванов (Русия) ва Георгий Папошвили (Гурҷистон) дар даври ниманиҳоӣ аз Адилет Талант Уулу (Қирғизистон) мағлуб гашт. Баъдан Ёқубҷон барои ҷойи севум Атам Барахоевро аз Русия шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз ду ғалаба бар Александр Курнакин (Русия) ва Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Кайтов (Русия) шикаст хӯрд. Сипас Хуршед дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Мухтор Абдумалик аз Қазоқистон ғолиб омад.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар шомил буд.

Вале дар сабқати писарон Сомон Маҳмадбеков (55 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (60 кг), Нуроншо Бодамаев (66 кг), Салман Раҳмихудоев (66 кг), Эраҷ Абдуллоев (66 кг) ва Алиакбар Қаландаров (81 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Аннета Мосрова (Ҷумҳурии Чех) мағлуб гашт.

Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Туркия таҳти раҳбарии мураббиён Маъдӣ Маҳмадбеков, Рисқиддин Раҷабов ва Абдураҳим Қарахонов ширкат варзиданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Туркия 462 варзишгар (292 мард ва 170 зан) аз 21 кишвар (17 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 26 медал (6 тилло, 10 нуқра ва 10 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Туркия (3-1-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Озарбойҷон (2-1-1) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ дар байни 21 кишвар ҷойи 11-умро соҳиб шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо:

Наврасон
50 кг

1. ХЕЙЛ Виллиам (Белгия)
2. НАГУЧЕВ Казбек (Русия)
3. КАХНИАШВИЛИ Зураб (Гурҷистон)
3. ЗАБОЛОТНЫЙ Рустам (Русия)

55 кг
1. ҲУСЕЙНОВ Каромат (Озарбойҷон)
2. АХМАРОВ Ҳамзат (Русия)
3. СИМЕОНИДИС Константин (Русия)
3. ЗЕХИР Угурчан (Туркия)

60 кг
1. БЕГЛАРАШВИЛИ Робинзон (Гурҷистон)
2. ЭРКАН Қосим (Туркия)
3. БОГАТИРЁВ Аҳмад (Русия)
3. ЮЛДИРИМ Муҳаммад (Туркия)

66 кг
1. ТСИЛОГЛУ Билол (Туркия)
2. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
3. АЛИЕВ Пошо (Озарбойҷон)
3. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)

73 кг
1. АМОНГЕЛДӢ Маъдӣ (Қазоқистон)
2. ТАЛАНТ УУЛУ Адилет (Қирғизистон)
3. ДАДАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
3. НАЗИРОВ Ёқубҷон (Тоҷикистон)

81 кг
1. БЕРЛИН Павел (Русия)
2. ДЖИКИДЗЕ Элдари (Гурҷистон)
3. ҚУРБОНИСМОИЛОВ Мурод (Русия)
3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)

90 кг
1. ТУМАЕВ Алиумар (Русия)
2. МУТАЛИЕВ Адам-Ҳоҷӣ (Русия)
3. САНЕБЛИДЗЕ Онисе (Гурҷистон)
3. ТАБАТАДЗЕ Автандил (Гурҷистон)

+90 кг
1. КАЙТОВ Камол (Русия)
2. ТАСОЕВ Инал (Русия)
3. КАМОЛОВ Артур (Русия)
3. МАҶИДОВ Хуршед (Тоҷикистон)

Духтарон
40 кг

1. ХАЛИЙЕВА Шоҳона (Озарбойҷон)
2. ҲАМИДОВА Шафақ (Озарбойҷон)
3. БОРИСОВА Олга (Русия)
3. ЕРАЛИЕВА Нурсулу (Қазоқистон)

44 кг
1. ПЕТИТ Луис (Белгия)
2. НАУАТБЕК Оқмарал (Қазоқистон)
3. СЕЛЕДКОВА Татяна (Русия)
3. СЕРГЕЕВА Алина (Русия)

48 кг
1. ДОЛГИХ Екатерина (Русия)
2. ХАРЛАПАНОВА Даря (Русия)
3. БЕДЕР Тугче (Туркия)
3. РОТАРИ Ана (Молдова)

52 кг
1. КОРКМАЗ Ирем (Туркия)
2. ШРАЙНЕР Маргарита (Русия)
3. МГЕЛАДЗЕ Нина (Гурҷистон)
3. ВАРДАР Ҳабиба (Туркия)

57 кг
1. ГРИЗЛОВА Мария (Русия)
2. ХРИСТОВА Изабел (Булғористон)
3. ДЕЛИУ Ханна (Олмон)
3. КРЕЙТЕР Жулиана (Олмон)

63 кг
1. ЗАДВОРНОВА Ксения (Русия)
2. КОЛЯДЕНКОВА Анастасия (Русия)
3. ДЕЛЕН Селин (Белгия)
3. МИЛИЧ Маряна (Черногория)

70 кг
1. ЭРДОГАН Семанур (Туркия)
2. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия)
3. ИЛЮШКИНА Анастасия (Русия)
3. ТИБИЛОВА Дана (Русия)

+70 кг
1. КАЛПАКИДУ Катерина (Шветсия)
2. ПИРОГОВА София (Русия)
3. БЕРЛИКАШ Камила (Қазоқистон)
3. СОМХИШВИЛИ Софио (Гурҷистон)

XS
SM
MD
LG