Пайвандҳои дастрасӣ

Додрас: Қарори додгоҳи қотилони генерал Назаров "дар чорчӯби қонун" қабул шудааст


Сохтмони боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ, ки маҳалли баргузории мурофиаи додгоҳии қотилони Абдулло Назаров буд

Сохтмони боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ, ки маҳалли баргузории мурофиаи додгоҳии қотилони Абдулло Назаров буд

Мирзоалӣ Каримов, қозии додгоҳи қотилони сардори Раёсати КДАМ-и Бадахшон ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Рӯзи 28 феврал Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Хоруғ – Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар куштори сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон дар таърихи 21 июли соли 2012 гунаҳгор ва онҳоро ба мӯҳлати 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ нисбати муттаҳамони куштори генерал Абдулло Назаров рӯзи панҷшанбеи 28 феврал аз сӯи Мирзоалӣ Каримов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ содир гардид.

Эълони ҳукми додгоҳ дар Хоруғ.

Айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ба куштор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ “пурра исбот шудааст”.

Аммо вакили мудофеъ Файзи Олӣ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳукм нисбати Ҳамза Муродов, яке аз муттаҳамони қатли генерал Абдулло Назаров «сангин» аст ва онҳо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебаранд. Зеро ба таъкиди Файзи Олӣ, Ҳамза Муродов иштирокчии бевосита дар қатли генерал Абдулло Назаров набуда, балки гуноҳи вай дар он аст, ки аз ин ҳодиса ба мақомот хабар надодааст.

Аз сӯи дигар хешовандони муттаҳамон ҳукми додгоҳро ноодилона хонда ва гуфтаанд, ки додрас «ҳолати равонии генерал Абдулло Назаров дар рӯзи ҳодисаро ба назар нагирифта ва кӯшиш кардааст, ки намояндаи давлатро сафед кунад».

Баъди анҷоми мурофиа дар толори додгоҳ, ки дар дохили боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ аз 19 то 28 феврал ҷараён дошт, Мирзоалӣ Каримов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва қозии додгоҳи қотилони генерал Абдулло Назаров, ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Озодӣ: Шумо шахсан ҳукми содиршударо то куҷо одилона арзёбӣ мекунед?

Каримов: Мо, коллегия судӣ, парвандаро дастҷамъӣ дидем, бо дарназарошти ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ, нишондоди худи судшавандагон , ҷабрдидагон ва ҳамаи далелҳои ҷамъоваридашуда, ҳисоб мекунам, ки қарори қабулшуда дар доираи талаботи қонун ва дар чорчӯби қонун қабул шудааст.

Озодӣ: Аммо бархе аз ҳозирини толори суд фикр мекунанд, ки ҳолати равонии генерал, бо назардошти моҷаро дар постгоҳи Андароб, ки ҳақорат ва рафторҳои ношоиста кардааст, ба назар гирифта нашуданд ва суд талош кардааст, ки ҳамаҷониба намояндаи давлатро сафед кунад.

Каримов: Оиди он ки аз ҷониби генерал гӯё дашном дода шуда бошад, дар мурофиаи судӣ исботи худро наёфт, ба ғайр аз нишондоди худи судшаванда Оқил Аёмбеков, дигар далеле оиди он ки дашном дода бошад, ё гӯё дар ҳолати мастӣ қарор доштани генерал умуман дар суд тасдиқи худро наёфт ва инро хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ки дар қабати маводҳои парванда ҳамроҳ аст, исбот кард. Яъне вай (дар ҳангоми ҳамла) дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ қарор надошт.

Озодӣ: Оё таъиноти хусусии суд дар мавриди кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим фишор болои кормандони милиса нест, ки дар суд рӯйирост гуфтанд, ки генерал дар постгоҳ ғайриахлоқӣ рафтор кард?

Каримов: Коллегия судӣ дар мурофиаи судӣ ба чунин хулоса омад, ки агар аз шӯъбаи корҳои дохилаи Ишкошим ба Толиб Аёмбеков занг намезаданд, кор шояд ба тарзи дигар сурат мегирифт.Он рӯз тибқи нишондод сардори шӯъбаи корҳои дохилаи Ишкошим ва Толиб Аёмеков ду бор ба ҳам занг заданд, дар бораи он ки гӯё аз дидбонгоҳ ҳуҷҷатҳои қайди давлатиро мегирифта бошанд, тасдиқи худро наёфтанд.

Озодӣ: Аммо он рӯз байни муфаттиши раёсати амнияти вилоят ва маъмурини гузаргоҳи марзӣ дар Ишкошим ҳам як моҷарои дигар ба вуқӯъ пайвастааст ва корманди амниятӣ, тавре, ки аз баёноти шоҳидон бармеояд ва дар хулосаи судӣ ба ин ишора шудааст, маъмурини гузаргоҳи марзиро ба Хоруғ оварданӣ шудааст. То чӣ андоза байни ин ҳодиса ва ҳодисаи постгоҳи Андароб иртиботе буда метвонад?

Каримов: Тавре дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ҳамон рӯз сардор, генерал Назаров ба тобеони худ супориш медиҳад, ки оиди қочоқи ғайриқонунии сигарет ва автомашинаи гузашташуда ҳамаи далелҳо ҷамъоварӣ шаванд. Дар ҳамон рӯз муфаттиш назди Толиб Аёмбеков омад ва масъаларо ҳал кард, дар ин ҷо гуфтугӯи телефонии Аёмбеков ва Назаров мавҷуд ҳаст.

Озодӣ: Аммо автомашинае, ки сигор дошт, ба соҳибкор аз ноҳияи Восеъ таалуқ дошт ва имрӯз мегӯянд, ки ин автомашина қонунӣ марзро убур кардааст?

Каримов: Дар ин бора ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG