Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистонро латукӯб карданд


Рӯзноманигор Абдураҳим Умариён дар беморхонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Рӯзноманигор Абдураҳим Умариён дар беморхонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Абдураҳим Умариён шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт.

Абдураҳим Умаров (Абдураҳим Умариён), сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, субҳи 28 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки шоми дирӯз дар назди бозори маҳаллаи 103-уми пойтахт аз сӯи афроди ношинос мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ба нақли Абдураҳим Умаров, ҳамлагарон 4 нафар будаанд.

Дар натиҷаи зарбу лат Абдураҳим Умаров аз ҳуш рафтааст ва вақте ба худ меояд, аз як роҳгузар хоҳиш мекунад, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ занг занад. Кормандони милиса баъди огоҳӣ пайдо кардан аз ин қазия ба ҷои ҳодиса меоянд ва рӯзноманигорро ба беморхонаи марказии Қарияи болои пойтахт мебаранд ва баъди расонидани кӯмаки аввалия аз сӯи табибон ба беморхонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Умаров мегӯяд, ки ҳамакун лаҳзаҳои рух додани ҳодиса ба ёдаш меояд. Ба гуфти вай, қабл аз латукӯб шахсони ношинос ҳарфҳое ҳам ба забон оварда буданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ҳодиса бо фаъолияти касбии Умаров иртибот мегирад ё на. Вале худи ҷабрдида дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки чанд моҳ қабл афроди ношинос дар мавриди гузоришҳояш ба ӯ таҳдид кардаанд, аммо Умаров ин ҳамаро нодида гирифта буд. Сухангӯи Хадамоти гумрук, дар бораи фаъолияти кормандони гумрук дар минтақаҳои марзӣ дар амри мубориза бо қочоқи маводи сӯхт, хусусан дар манотиқи марзӣ бо Қирғизистон, барои шабакаҳои телевизионии кишвар гузоришҳои махсус омода мекард.


Абдураҳим Умаров соли гузашта раиси дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд ва пеш аз ин таи чанд сол дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла дар радиои «Озодӣ» низ фаъолият доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Неъмат Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки хадамот субҳи имрӯз, 28-уми феврал, барои ошкор кардани омилони ин ҳодиса бо мактуб ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG