Пайвандҳои дастрасӣ

Гулнора Усмонова, хабарнигори Радиои Тоҷикистон, аз сӯи ҳамкоронаш ба "хокпошӣ" ва "тӯморбозӣ" муттаҳам мешавад.

Бонуи ситорагарме, ки ӯро ба “рафтори ғайримаъмулӣ” дар ҷойи кор айбдор кардаанд, бо вуҷуди саломуалейки хуб, нахост бо мо роҷеъ ба ин моҷаро чизе бигӯяд. Аммо зуд ба назар расид, ки аз ин мавзӯъ сахт нороҳат аст ва чунин сӯҳбатро монанди як ҳамла ба шахсияти худ қабул мекунад.

Мулоқоти мо бо ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки Гулнора Усмонова, муҳаррири идораи фарҳангӣ-фароғатии Радиои Тоҷикистон ва узви Иттиҳодияи нависандагони кишвар, расман барои нақзи муқаррароти меҳнат аз кор барканор шудааст. Вале дар иттилоияе, ки Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 14-уми июни нашрияи "Адабиёт ва санъат" дар ин робита ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки Усмонова, узви ин иттиҳодия, дар ҷойи кор рафторҳои ғайримаъмулӣ зоҳир карда, боиси нороҳатӣ ва ҳатто тарсу ҳароси ҳамкорон шудааст. Бар пояи иттилоияи мунташираи ИНТ, "чанд нафар корманди собиқадори идора (Радиои Тоҷикистон) аз он нигаронӣ доранд, ки борҳо ӯ (Гулнора Усмонова)-ро сари корҳое, ки ба як рӯзноманигор ва узви ИНТ номақбул аст, дидаанд ... яъне то кунун дар идораи мо амалҳои ношоистае, чун тӯморбозиву ҷодугарӣ ва муллобозӣ вуҷуд надошт."

Чанд соли охир дар Тоҷикистон иттиҳоми гуногуни ҳамкорон зидди якдигар расонаӣ шудааст, аммо бори аввал дар як идораи асосии нашаротии давлатӣ ин гуна айбнома садо медиҳад.

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон

Меҳмон Бахтӣ, раиси ИНТ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки гурӯҳе аз кормандони Радиои Тоҷикистон аз ӯ ба таври катбӣ дархост карданд, ки бо бону Гулнора Усмонова, узви ИНТ сӯҳбат карда ва ӯро огоҳ намояд, ки чунин рафтор дар маҳалли кор дуруст нест: "Ман ба ин маъно мегӯям, ки ӯ кадом як корҳое ба мисли об пошидану хок пошидану тӯморбозӣ карда ҳамкоронашро тарсонидааст. Мо ӯро даъват карда сӯҳбат намудем. Дар раёсат ҳам ин масъаларо диданд. Мо ӯро он қадар сахт нагирифтем ва фақат ба тарзи насиҳатомез буд."

Меҳмон Бахтӣ афзуд, ба ҳангоми баҳси ин қазия дар раёсати ИНТ ҳатто пешниҳодҳое ҳам садо додаанд, ки узвияти Гулнора Усмонова дар ин иттиҳодия қатъ карда шавад. Гулнора Усмонова аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ кард. Вай гуфт, ба унвони ИНТ номаи ҷавобӣ навиштааст ва танҳо дар сурати радди он метавонад дар робита ба шикояти бархе аз ҳамкорони акнун пешинаш чизе бигӯяд.

Аммо Заъфарон Муҳаббатова, сармуҳаррири Идораи фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон гуфт, дар ҳақиқат Гулнора Усмонова бинобар шаҳодати ҳамкоронаш дар утоқи корӣ ба корҳое даст мезадааст, ки боиси нигаронӣ ва то андозае тарсу ҳароси онҳо мешудааст: "Дар идора баъзе гапҳо ҳаст. Ҳамкорон медароянду мегӯянд, ки дар идора баъзе чизҳое мешавад, ки ғайричашмдошт аст. Гулнора Усмонова омада дар идора хок мепошад, тӯморҳоро гарм мекунад ва кадом корҳои дигар, ки мо аз он метарсем. Ман ӯро даъват карда гуфтам, ки ин чӣ гап аст? Гуфт, ки ман ин корҳоро барои саломатиам кардам."

Аммо, мегӯяд Заъфарон Муҳаббатова, иллати аз кор озод шудани Гулнора Усмонова риоят накардани интизоми меҳнат яъне бидуни сабаби узрнок ба кор наомадани ӯ будааст. Бо ин ҳол корманди яке аз нашрияи мустақили чопи Душанбе гуфт, ки Гулнора Усмонова ба онҳо муроҷиат карда хостори расидагӣ ба қазияи худ шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, хонум Усмонова гуфтааст, дар ҳаққи ӯ тӯҳмат кардаанд ва ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷойи кор ба рафтори ғайримаъмулие роҳ надодааст.

Зимнан, Гулнора Усмонова, узви ИНТ ва муаллифи китобҳои насрие бо номҳои "Рӯшании ҳарири шаб", "Мавҷи сарнавишт", "Шиноси ношинос" ва "11 мусоҳибаи озода дар бораи Мирзо Турсунзода" аст, ки дар тӯли солҳои 2003-2012-ум дар чопхонаҳои Душанбе ба нашр расидаанд.

Бо ин ҳол, Меҳмон Бахтӣ, раиси ИНТ, гуфт, дастур шудааст, ки посухи Гулнора Усмонова ба иттиллоияи Раёсати ИНТ дар шумораи ояндаи "Адабиёт ва санъат" чоп шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG