Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани ҳувияти “Ҷони Ҷиҳодӣ”, ҷаллоди “Давлати Исломӣ”


Матбуоти Бритониё ҳувияти яке аз ҷаллодони гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-ро ошкор кард ва мегӯяд, хадамоти махфии Бритониё кӣ будани ӯро медонистанд.

Хабарнигорони Би-би-сӣ номи шахси ниқобдореро ошкор карданд, ки аз хунхортарин ҷаллодони гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба шумор меравад. Сарчашмаҳое дар хадамоти ҷосусии Бритониё гуфтаанд, номи ӯ Муҳаммад Имвозӣ буда, вай 27-сола, зодаи Кувайт ва шаҳрванди Бритониёст.

Хадамоти махфии Бритониё зидди ӯ парванда доштаанд, вале ин манбаъ гуфтааст, бо мақсадҳои тафтишотӣ дар ин бора хабар надодаанд. Расман ин хадамот ин хабарро на рад мекунанд ва на тасдиқ.

Имвозӣ дар як хонаводаи пулдор дар ғарби Лондон зиндагӣ карда, донишгоҳро дар риштаи барномарезии компютерӣ хатм кардааст.

Бори аввал ин шах дар видеои сарбурии журналисти амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ дида шуда, дертар ҳангоми қатли хабарнигори дигар Стивен Сотлофф, корманди хайрияи бритониёӣ Дэвидом Ҳэйнс, таксирони бритониёӣ Алан Хеннинг ва парастори амрикоӣ Питер Кассиг, ки исломро пазируфта, Абдулраҳмон ном гирифта буд, ширкат кардааст. Ӯ ҳамчунин дар видеои ду гаравгони ҷопонӣ Харуна Юкава ва Кэндзӣ Гото, ки баъдан кушта шуданд, бо ханҷари худ намудор гаштааст.

Ба навиштаи Washington Post, Имвозӣ баъд аз сафараш ба Танзания дар соли 2009 ба тундгароӣ майл кард. Вай мехост ба шикор равад, аммо дар Доруссалом боздошт ва ба Амстердам бозгардонида шуд. Дар он ҷо ӯро кормандони хадамоти иктишофии МИ-5-и Бритониё интизор буданд.Ва ӯро мутаҳҳам карданд, ки мехост ба Сомалӣ сафар кунад ва ба гурӯҳи “Аш-Шабоб” бипайвандад. Вай ин иттиҳомро рад кард ва дертар ба дӯстонаш гуфтааст, ки хадамоти махфии Бритониё мехостанд, ӯро ба кор ҷалб кунанд.

Баъд аз як муддат ӯ ба Кувайт рафт ва дар як ширкати комппютерӣ ба кор даромад. Аммо соли 2010 вақте ба Лондон баргашт, аз нав боздошт шуд. Washington Post ба нақл аз номаи ӯ менависад, Имвозӣ мехост дар ватанаш Кувайт “ҳаёти наве”-ро оғоз кунад. Эҳтимол меравад, ки ӯ дар соли 2012 аз Бритониё гурехт ва дар Сурия ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пайваст.

Дар пахши хабарҳои марбут ба Муҳаммад Имвозӣ дар шабакаи CNN иштибоҳе рӯй дод, ки сабаби узрхоҳии ин телевизион гардид. Зери сархатти “Ҳувияти Ҷони Ҷиҳодӣ ошкор шуд”, кормандони CNN иштибоҳан акси раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро гузоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG