Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марҳилаи ниҳоии размоиши муштарак таҳти унвони “Ҳифз - 2013” дар тамрингоҳи Чоруқдаррон, дар 30 километрии Хуҷанд алайҳи гурӯҳҳои рамзии террористӣ амалиёти густардаеро доир карданд.

Марҳилаи ниҳоии размоиш бо истифода аз зиреҳпӯшу чархболҳои ҳарбӣ, силоҳу дигар муҳимоти оташнишон ва ҷангандаҳову тӯпхонаҳо бо ширкати Шералӣ Хайруллоев ва Таалайбек Омуралиев, вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашт.

Бино ба ривояти амалиёти муштарак, гурӯҳҳои террористӣ аз он сӯи сарҳад ворид гашта, деҳаи наздимарзии Гулистони вилояти Суғдро ғасб мекунанд. Гурӯҳи дигари тахрибкор барои фиреби назар ба корхонаи кимиёӣ ҳамла мебарад. Ҳадафи ин гурӯҳҳо барҳам задани назму субот ва бо роҳи ҷангу зӯрӣ расидан ба сари қудрат аст. Вале нерӯҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳандозии амалиёти муштарак гурӯҳҳои тахрибкорро аз замину ҳаво зери оташ гирифтанд.



Шералӣ Хайруллоев, вазири вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар охир чунин размоишҳои муштаракро ҷиҳати таъмини амният дар минтақа муҳим хонд. Вай гуфт: “Дар ин размоиш мо омодагии худро ҷиҳати муқобала бо нерӯҳое, ки ба амният, истиқлолият ва якпорчагии марзии мо таҳдид мекунанд, ба намоиш гузоштем.”

Таалайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғизистон гуфт, роҳандозии чунин размоишҳои муштарак аз он нигоҳ муҳим аст, ки кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо таҳдидҳои шабеҳ рӯ ба рӯянд: “Ва ин таҳдид терроризми байнулмилалӣ аст. Ва террористҳо ҳеҷ гуна марзро намешиносанд. Дар чунин вазъ албатта, ба хотири ҳамоҳанг кардани амалиёти якҷоя дар хати сарҳад баргузор намудани чунин размоишҳои муштарак зарурист.”

Дар машқи низомии Хуҷанд беш аз 500 нафар аз нерӯҳои низомӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва як воҳиди хурди тирандозони кӯҳгарди нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, иборат аз 35 нафар бо техникаву муҳимот ва аслиҳаҳои мухталифи ҳарбӣ иштирок карданд.

Ба гуфтаи вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ин кишварҳо дар самти таъмини амнияти минтақаӣ ҳамкории зичи низомӣ доранд ва баргузор кардани размоишҳои муштараки зиддитеррористӣ дар Бодканду Суғд баёнгари он аст.
Вале нерӯҳои мусаллаҳои ин кишварҳо то кунун роҳандозии амалиёти муштараки густарда алайҳи гурӯҳҳои воқеиро таҷриба накардаанд.

Ба назари коршиноси маҳаллӣ, дар минтақа гурӯҳҳои калони террористӣ вуҷуд надоранд, аммо эҳтимоли аз қаламрави Афғонистон ё кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ба қаламрави ҳамдигар ворид шудани гурӯҳҳои хурд бо ҳадафи барҳам задани оромиву суббот вуҷуд дорад.

Танҳо дар чанд соли пеш вақте, ки як гурӯҳи мусаллаҳи мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба қароргоҳи марзбононони тоҷик дар Исфара шабохун зада, ба Бодканд фирор кард, сохторҳои қудратии тоҷику қирғиз бо амалиёти муштарак баъзеи аз аъзои он гурӯҳро куштаву баъзеро дастгир карданд.



Ба иттилоъи масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон, размоишҳои муштарак миёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар сол баргузор мешавад. Моҳи майи соли ҷорӣ размоиши "Ҳифз - 2013" дар қисмати шарқии Тоҷикистон, дар қаламрави вилояти Бадахшон доир шуда буд ва ҳангоми тамринҳо аслиҳаи оташфишон, чархболҳо, нақлиёти зиреҳпӯш ва тӯпҳо истифода шудаанд.

Ҳадафи ин размоишро низ мақомот боло бурдани қобилияти ҷангии гарнизони ҳарбии Бадахшон дар ҳолати пеш омадани таҳдидҳои эҳтимолӣ унвон карда буд. Аммо тамринҳо дар Бадахшон дар ҳоле сурат гирифта буд, ки Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар моҳи июни соли гузашта шоҳиди амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ гардида буд. Чун ин амалиёт дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти миллии вилоят иттифоқ афтод ва бо кушта шудани ҳудуди 70 нафар ба анҷом расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG