Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли интихоботӣ Ҷон Керриро дигарбора ба Кобул бурд


Қарор аст имрӯз вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри бори дигар бо ду номзади раёсати ҷумҳури Афғонистон дар Кобул мулоқот кунад.

Ҷон Керри рӯзи панҷшанбе баъди расидан ба Кобул, дар сафорати Амрико бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба таври ҷудогона сӯҳбат кардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон баъд аз он ба мушкилот рӯбарӯ шуд, ки тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ мавориди зиёди тақаллубро ошкор кард ва ба дунболи он нозирони худро аз Комиссияи мустақили интихобот берун кард ва гуфт, ки ин комиссия бетараф нест.

Барои ҳалли ин мушкил дар миёнаҳои моҳи гузашта вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ба Кобул сафар карда буд ва ду номзад бо миёнҷигарии вай созиш намуданд, ки тамоми орои даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон аз нав бозшуморӣ шавад. Аммо бозшумории беш аз ҳашт миллион овозҳои ҳанӯз ҳам чанд бор ба таъхир афтода ва то кунун аз ҷумлаи 23 ҳазор сандуқ танҳо 5 ҳазори он бозшуморӣ шудааст.

Ҷон Керри бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ҷон Керри бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯи тими Таҳаввул ва тадовум бо раҳбари Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯяд, Ҷон Керри дар мулоқоти шаби гузашта бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз пешрафтҳое, ки дар тафтиши оро бар пояи мувофиқатномаи қаблӣ сурат гирифтааст, ситоиш намуд ва таъкид кард, ки ҳар ду тараф бояд натиҷаҳои интихоботро бипазиранд. Ҷон Керри дафъаи гузашта бар ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пофишорӣ мекард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико тайяи як иттилоия гуфтааст, ки Ҷон Керри дар ҷараёни сафари худ ба Кобул ду номздаи раёсати ҷумҳури Афғонистонро ташвиқ хоҳад кард, то созишро, ки дар моҳи июл мувофиқат шуда буд, амалӣ намоянд ва дар як чаҳорчӯбаи сиёсӣ ба пеш гом бардоранд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс аз қавли мақомоти амрикоӣ, ки дар ин сафар бо Ҷон Керри ҳамроҳ мебошанд, хабар додааст, ки вазири умури хориҷии Амрико аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба таври шахсӣ хоҳиш хоҳад кард, ки ихтилофоти худро қабл аз маҷлиси сарони НАТО, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, рафъ намоянд ва дар мавриди сарнавишти худ ва кишварашон тасмим бигиранд. Мақомоти амрикоӣ ҳамчунон гуфтаанд, маҷлиси сарони НАТО як фурсани хубе мебошад, ки раиси ҷумҳури нави Афғонистон худ ва аъзои кобинаашро ба сарони НАТО муаррифӣ намояд.

Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд.

Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG