Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз пешниҳоди гуфтугӯи мустақим бо Амрико истиқбол кард


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон.
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбеи 3-юми феврал аз пешниҳоди музокираи мустақим бо Амрико, истиқбол кард.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, оқои Солеҳӣ дар Конфронси амниятии Мюнхен гуфт, ки Эрон ин пешниҳодро мусбат мешуморад ва онро баррасӣ менамояд.

Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, кишвараш бояд мутмаин бошад, ки нияти аслии Амрико ҳалли мушкилот аст. Вай гуфт, пешниҳоди Вашингтон дар бораи анҷоми музокира бо Эрон зиддунақиз аст, зеро аз як тараф хостори музокира аст ва аз тарафи дигар бо “лаҳни таҳдид” дар бораи роҳҳои ҳали низомӣ ҳарф мезанад ва таҳримҳо ҷорӣ мекунад.

Вазири умури хориҷии Эрон ҳамзамон гуфтааст, шаш қудрати ҳозир дар музокироти ҳастаӣ, пешниҳод кардаанд ки даври баъдии ин гуфтугӯҳо рӯзи 25-уми феврал дар Қазоқистон баргузор шавад.

ҶО БАЙДЕН: АМРИКО ОМОДАИ ГУФТУГӮИ МУСТАҚИМ БО ЭРОН АСТ

Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи шанбеи 2-юми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен гуфт, дар сурати ҷиддӣ будани Эрон барои музокират, Амрико омодааст то бо ин кишвар ба таври мустақим ва рӯбарӯ, гуфтугӯ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Ҷо Байден, ки дар Конфронси амниятии Мюнхен суханронӣ менамуд, ҳамчунин гуфтааст, Эрон ҳамакнун бо шадидтарин таҳримҳо дар тӯли таърих рӯбарӯ аст.

Ҷо Байден
Ҷо Байден
Муовини раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи суханрониаш гуфтааст, ҳанӯз замон ва фазо барои муваффақияти дипломатӣ вуҷуд дорад ва "акнун тӯб дар замини ҳукумати Эрон аст."

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз Эрон тайи солҳои ахир барои ҳалли муноқиша бар сари барномаи ҳастаии худ бо кишварҳои Русия, Чин, Бритониё, Амрико, Фаронса ва Олмон, музокироти ҳастаиро анҷом медиҳад. Аммо таҳлилгарон муътақиданд, бо пирӯзии дигарбораи Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2012, вай акнун фурсати беҳтаре барои музокирати мустақим бо Эрон дорад.

Тибқи ин гузоришҳо, Ҷо Байден, дар посух ба пурсиш дар хусуси эҳтимоли музокираи мустақими Эрон ва Амрико гуфтааст, "мо аз оғоз ошкор гуфтаем, ки ҳар замоне раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ ҷиддӣ бошад, мо омодаем то ба таври дуҷониба бо раҳбарони Эрон вориди музокира шавем. Мо ин корро пинҳонӣ анҷом нахоҳем анҷом дод ва дар сурати вуқӯи чунин музокирот, ҳампаймонҳои худро дар ҷараён хоҳем гузошт."

Тайи моҳҳои ахир Эрон ва Катрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки намояндагии гуруҳи 5+1 барои музокирот бо Эронро бар ӯҳда дорад, то кунун натавонистаанд замон ва макони даври баъдии музокиротро таъйин кунанд. Эрон дар соли 2012 бо гурӯҳи 5+1 се даври музокирот баргузор кард, ки натиҷаи назаррасе надоштанд.

Кишварҳои ғарбӣ мегӯяд, ки Эрон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст. Иддаое, ки Эрон ҳамеша онро рад кардааст
XS
SM
MD
LG