Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши бо суръати нерӯи корӣ аз як тараф ва бӯҳрон дар Русияву коҳиши эҳтиёҷ ба дасту бозуи муҳоҷирони тоҷик аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кориро доғтар кардааст.

Ҳар сол нерӯи корӣ дар Тоҷикистон тақрибан 150 ҳазор нафар зиёд мешавад, аммо ҷойҳои корӣ чӣ?

Некрӯз, ки дар литсей касбии саноат ва кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон таҳсил мекунад, умедвор аст, соли оянда дар Тоҷикистон ҷойи кор меёбад ва ба Русия рафтаву дар сохтмонҳо азобу машаққат намекашад. Некрӯз ихтисоси муҳосибро интихоб кардааст, то корёбӣ барояш осонтар шавад. Вай мегӯяд, ки «ба тамоми корхонаву муассисаву мактабҳо, бонкҳо дар тамоми давлатҳо муҳосиб лозим аст ва кор бе онҳо пеш намеравад. Аз ин сабаб иншоллоҳ, Худо хоҳад ман баъди хатми литсей ягон ҷойи кор ёфта фаъолият мекунам.»

Мисли ин ҷавони тоҷик, соли оянда баъди хатми мактабу донишгоҳу литсейҳо тақрибан 150 ҳазор нафари дигар ба бозори кори Тоҷикистон дохил мешаванд, ки интихоб дар он маҳдуд аст. Афзоиши босуръати нерӯи корӣ ва аз сӯи дигар бӯҳрон дар Русия ва коҳиши эҳтиёҷ ба дасту бозуи муҳоҷирони тоҷик масъалаи таъмини аҳолӣ бо корро мубраму доғтар кардааст. То чаҳор соли оянда ва то соли 2020 аҳолии синну соли қобили кор дар Тоҷикистон аз 6 миллион нафар ҳам мегузарад ва ба гуфтаи мутахассисон дар сурати чора наандешидан ин масъала, хатари ҷиддие барои амнияти миллӣ ва дарди сари бузурге барои ҳукумат мешавад.

Фарида Муъминова, номзади илмҳои иқтисодӣ ва муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ дар як таҳқиқе дар бораи бозори меҳнат ва номутобиқатии таҳсилоти касбӣ ба он навиштааст, «пешбинӣ мешавад, ки то соли 2020 шумораи ҷавонони аз 15 то 30 сола на камтар аз 2 миллиону 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва зарур аст, ки ин нерӯи муҳим барои рушди Тоҷикистон бо ихтисос таъмин шаванд.»

Як мушкили ҷиддӣ ин аст, ки ҳар сол беш аз 40 дар сади хатмкунандагони мактабҳо таҳсилро давом намедиҳанд. Баъзе назди сартарош ё косибони дигар шогирд меистанд, бақия ба ғайр аз подабониву пойбелу ҳезумкашӣ ҳеҷ касбу ҳунари зарурӣ барои корхонаву муасcисае ёд намегиранд.

Худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши босуръати аҳолӣ аз модарони тоҷик хостааст, камтар таваллуд кунанд, зеро Тоҷикистон зарфияти таъмини лашкари бузурги бекорон бо ҷойи корро надорад. Ҳукумат аз соли 2005 то кунун се барномаи таъмини шуғли аҳолиро қабул кардааст, аммо натиҷаи онҳо эҳсос намешавад.

Масалан дар давоми солҳои 2007-2014 аҳолии қобили кори Тоҷикистон бештар аз 18 дар сад афзудааст, вале теъдоди аҳолии машғули кор ҳамагӣ 8,1 зиёд шудааст. Соли 2014 шумораи аҳолии қобили кор ба 5 миллион нафар расид, вале аҳолии машғули кор камтар аз нисфи ин ва 2 миллион 350 ҳазор нафарро ташкил медод.

Мақомот мегӯянд, фақат 2.5 дар сади аҳолӣ ва ё бештар 50 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бекоранд, вале таври маълум солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва шумораи онҳо бештар аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ҷамшед Қуддусов, аз созмони «Сотсервис», ки шуғлӣ аҳолӣ ва бекориро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, имкони таъмини мардуми Тоҷикистон бо кор дар дохил вуҷуд дорад ва кофист ғами иқтисодро хӯрд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «тадқиқотҳои олимони давраи советӣ ҳам буд, ки потенсиали иқтисодии Тоҷикистонро омӯхтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар сурати рушди ҳаматарафаи иқтисод метавонад, аз 20 то 30 миллион нафарро бо ҷойи кор таъмин кунад. Вале барои ин корро кардан чораҳои амиқ андешида ва рушди соҳаи истеҳсолотро ба роҳ мондан даркор аст.»

Ба қавли мутахассиси тоҷик, яке аз роҳҳои хуби аз байн бурдани бекорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна аст, ки ҳоло 70 дар сади мардумро бо кор таъмин кардааст. Вале дар ин масъала ба гуфтаи муассисаҳои байналмилии молӣ, Тоҷикистон мелангад.

Муҳаммади 24-сола, ки аз муҳоҷирати корӣ безор шуда ба Тоҷикистон баргаштааст, мегӯяд, агар мақомот ӯро «ғам надиҳанд», метавонад чанд каси дигарро ба кор бигирад, вале мутаассифона чунин нест. «Ҳар рӯз аз андоз, аз оташнишонӣ, милиса ва ҳар ҷойи дигар омада аз мо тамаъ мекунанд, ин қадар пул супор, ин кора буд кунед. Инро надоред, вайро надоред, гуфта пора мегиранд.» - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ташкили ҷойҳои корӣ аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст ва қабули барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолиро мисол меоранд. Моҳи ноябри соли гузашта чунин барнома барои солҳои 2016-2017 қабул шуд ва бар асоси он бояд дар ду сол дар Тоҷикистон 300 ҳазор ҷойи кор офарида шавад.

Аммо бо назардошти шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва бозгашти муҳоҷирон касе хушбин нест, ки ин барнома иҷро шавад, чун аз поёни соли гузашта ва имсол ихтисор дар корхонаҳои хусусӣ ва ҳамингуна сафи бекорон зиёдтар шудааст.

Вале Некрӯз ноумед нест ва умедвор аст, ки бекор намемонад ва муҳосиб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG