Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаҳои Давлатманду Нигора ва Сиддиқу Фарҳоди Дарё дар "Ҷило-2014"


Зимни натиҷагирӣ аз озмуни «Ҷило-2014», Давлатманди Хол ҷоизаи «Шахсияти сол», Сиддиқи Шабобу Нигора Холова ҷоиза «Оҳанги Шарқ» ва Фарҳоди Дарё «Ситори бузурги мусиқии форсӣ»-ро ба даст оварданд.

Озмуни «Ҷило-2014», рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Душанбе аз рўи 12 номинатсия ва аввалин бор дар сатҳи байналмиллаӣ доир гардид.

Тавре масъулони баргузории ин ҷашнвора хабар доданд, зимни натиҷагирӣ дар самтҳои барномаҳои ҷолиби радиоиву телевизионӣ, мусиқиву синамо ҷоизаҳо тақсим карда шуд. Аммо аввалин бор дар сатҳи байналмиллаӣ баргузор шуда ва дар он овозхонҳои афғон ширкат варзидаанд.

Ҳамин тавр дар бахши «ТВ ва радио» ҷоизаҳои «Барномаи беҳтарини радиоӣ», барномаи субҳгоҳии «Саламалейкум Диёрам»-и радиои "Азия плюс", беҳтарин радиожурналист Шарифи Мирсаидзод, хабарнигори радиои Садои Душанбе, «Беҳтарин баромаи телевизионӣ» барномаи «Сиришти сафина»-и шабакаи "Сафина" ва беҳтарин тележурналистро Зафар Саидов ва Аҳлиддини Тоҳир -- хабарнигорони телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро ба даст овардаанд.

Дар бахши театр намоишномаи «Шабе дур аз ватан» аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, беҳтарин ҳунарманди мард Шӯҳрат Раҳматуллоев ва ҳунарпешаи зан Моҳпайкар Ёрова беҳтаринҳо дониста шуданд.

Яке аз дигар бахшҳои ин озмуни «Ҷило» дар самти «Мусиқии замонавӣ ва машҳур» буд, ки овозхони беҳтарини мард Нобовар Чаноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд. Ҷоизаи клипи беҳтарини солро «Гулнор»-и Садриддини Наҷмиддин ва «Муҳаббати ту»-и Нигина Амонқулова ба даст оварданд.

Аммо ҷоизаи вижаи озмуни "Ҷило" «Ҷоизаи оҳанги шарқ» буд, ки насиби Сиддиқ Шабоб, сарояндаи афғон ва Нигора Холова бо оҳанги «Чашми сиёҳ» шуд. Ҷоизаи «Шахсияти маъруфи сол»-ро ҳайати ҳакамон ба Давлатманди Хол, сарояндаи маъруфи тоҷик муносиб донистанд.

Дигар ҷоизаи вижаи озмуни имсола – «Ситори бузурги мусиқии форсӣ» ба Фарҳоди Дарё ва Ясмина Алидодова дода шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG