Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Ҷон Керрӣ аз Ислом ва мусулмонҳо


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико

Вазири хориҷаи Амрико гуфт, дар бедодгариҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар Ироқу Сурия ва Нигерия мусалмонон ва бахусус дини мубини Исломро муқассир ё гунаҳкор набояд донист. Ба қавли ӯ, дини Ислом худ ин гуна амалҳоро рад мекунад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, 23 январ дар нишасти ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария аз рӯ задани “ихтилофҳои мазҳабӣ” ва “исломҳаросӣ” ҳушдор дод ва хостори ҷудо кардани маблағи бештар барои мубориза бо ифротгароӣ шуд.

Вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида бо ишора ба ҳамлаҳои ахири террористӣ дар Фаронса, Покистон, Нигерия ва дигар гӯшаҳои дунё хитоб ба роҳбарони ҳозир дар ин нишаст гуфт, “онҳо ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд ва бояд бо тамоми вуҷуд бо ин иқдомот муқобила кард”.

Пеш аз Ҷон Керрӣ, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, ки кишвараш ба тозагӣ ҳаводиси террористиро аз сар гузарондааст, дар нишасти иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос хост, барои мубориза бо терроризм ва ҳамчунин дар муқобили пулшӯӣ ва қочоқи коло сахтгирии бештаре нишон диҳанд. Олланд дар хитоб ба ҳозирини нишасти Давос гуфт, “Шумо наметавонед бидуни амният комёб шавед”.

Ҷон Керрӣ дар айни замон таъкид намуд, “бузургтарин иштибоҳ ин аст, ки мусалмононро муқассир (гунаҳкор)-и ин ҳаводис бидонем.” Ба гуфтаи ӯ, “дини Ислом ба таври комил ин ҷиноятро рад мекунад”.

Вазири хориҷаи Амрико, инчунин, гуфт, барои мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ кишварҳо манобеи бештареро ихтисос диҳанд. Ӯ дар идомаи ҳарфҳои худ ба гуруҳи “Давлати Исломӣ”, ки дар Ироқу Сурия фаъол аст, ишора кард ва афзуд, “ин барои нахустин бор дар таърих аст, ки гуруҳҳои бисёр тундраве ҳамчун Боко Ҳаром ва Далвати Исломӣ дар садад ҳастанд, то бар ҷаҳон ҳоким шаванд”.

Ҷон Керрӣ талош барои ҷилавгирӣ аз густариши хушунатҳои гуруҳҳои ифротиро ба мубориза бо густариши фашизм дар ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса кард ва гуфт, “нахустин гом ин аст, ки ба таври равшан ҷаҳони мутамаддин намехоҳанд дар баробари ин хушунатҳо аз тарс камар (миён) хам кунанд.”

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис дода ва мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон, меҷанганд. Ин ҷангиён, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон чандин бор таҳдид кардаанд, ки “ҷиҳод”-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки дар оянда ба Осиёи Марказӣ ҳам густариш дода хоҳад шуд.

Ахиран дар Интернет навори видеоии ҷангии тоҷике аз Тоҷикистон бо лақаби “Абӯ Умариён” нашр шуд, ки ӯ дар он мегӯяд, барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон ҳам аз “халифа”-и “Давлати исломӣ”Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат хостаанд, вале нафарони “халифа” ба ҷангиёни тоҷик гуфтаанд, ки ҳанӯз сабр кунанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҳайати созмонҳои тундрави хориҷӣ, аз ҷумла дар сафҳои “Давлати исломӣ”-ро мояи нигаронӣ мехонанд ва аз тариқи ваъдаи афв ва ташвиқи ин ҷангиён тавассути хешовандони онҳо талош доранд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд

XS
SM
MD
LG