Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Биден - аввалин касе, ки уқёнусро бо заврақ гузашт


Ҷон Биден нахустин шахс дар сайёра аст, ки бо қоиқи худ тани танҳо обҳои уқёнуси Оромро тасхир кард ва 27-уми декабр ба Австралия расид.

Шаҳрванди Бритониё Ҷон Биден нахустин шахси сайёра аст, ки бо қоиқи худ тани танҳо обҳои уқёнуси Оромро тасхир кард ва 27-уми декабр ба Австралия расид. Рӯзи якшанбеи 27-уми декабр 209-умин рӯзи сафари обии Ҷон Биден буд. Вай баъд аз ҳафт моҳ аз дохили қоиқи худ пой ба берун ба хушкӣ ниҳод ва дубора сахтии заминро зери пойҳои худ эҳсос кард.

Биден 53-сола аст ва ҳамаи ин солҳо бо варзиши сабук машғул будааст. Вай 1-уми июни соли ҷорӣ аз шаҳри Сан-Франсискои Амрико бо қоиқи 6 метрии худ, ки шакли ҷӯробро дорад, ба шино баромад. Тибқи нақшае, ки пешакӣ барои худ кашида буд, ҳар рӯз 15 соат бо қоиқ шино мекард.

Вай дар ин муддат 7400 мили обиро дар уқёнуси Ором тай кард ва соати 10-и қабл аз зуҳр ба вақти Австралия дар шимоли ин кишвар ба хушкӣ, ба замин қадам ниҳод. Дар бандари Кейрнз дар миёни ононе, ки ба пазироӣ омаданд, зани конодиаш Черил ва ду духтари наврасаш низ буданд.

Вай баъд аз фуруд гуфт: “Воқеан ҳам боварнакарданист, ки ба унвони нахустин шахс ба чунин натиҷа расидаам, ман онро тасаввур карда наметавонам. Ман фикр мекардам, ки ин фақат як кори мушкилест, мисли уқёнуси Атлас (Атлантик). Атлас талош накарда буд, ки маро бикушад, вале уқёнуси Ором ин талошро дошт ва ман чанд бор бо марг рӯ ба рӯ шудам”.

Бар асоси ин нақша, вай бояд дар нимаи моҳи ноябр ба Австралия мерасид, вале боду ҳавои номусоид ин нақшаро як моҳ ба таъхир андохт. Биден мегӯяд, сафари вай хеле мушкил будааст ва вай ин мушкилиҳоро пешбинӣ намекард”.

Вай мегӯяд: “Ман се сол пеш аз уқёнуси Атлас гузаштам. Бо вуҷуди он, ки шино дар уқёнус кори мушкил аст, ман эҳсос кардам, ки 53 рӯзи шино дар Атлас ё Атлантик осонтар будааст. Аммо ин дафъа кори ман мушкил буд. Ман интизор будам, ки мушкилиҳои бештар дар пеш аст. Фикр мекардам, ки он маро ба марг мебарад. Вақте ки аз Сан-Франсиско ба роҳ баромадам, тасаввур намекардам, ки бо чунин сахтиҳо дучор меоям. Чанд бор ба марг наздик шудам, фикр намекардам, ки роҳамро давом дода метавонам ва ба қаъри уқёнус меравам”.

Биден сӯҳбаташро идома медиҳад ва мегӯяд, ду рӯз пеш аз расидан ба замин, ҳавопаймоҳо ва киштиҳои борбарро дид ва ҳолати рӯҳиаш дигаргун шуд ва гӯё рӯҳан ба ҳолати маъмулии зиндагӣ баргашт.

Хонумаш Черил низ ҳангоми пазироӣ эҳсосотӣ шуда буд. Вай гуфт, акнун “сабукии бузурге”-ро эҳсос мекунад, ки шавҳараш саломат ба хушкӣ расидааст. Вай гуфт, “қобили тасаввур нест, ман сӯҳбат карда наметавонам. Ҳафт моҳ дар ҳолати ғайримаъмулӣ будам ва ҳамеша фикр мекардам, ки вай аз уқёнус гузашта метавонад. Медонистам, ки вай метавонад, вале аз барномаи пешбинишуда хеле вақт гузашта буд. Ҳоло хушҳолии ман ин аст, ки вай сиҳату саломат омада расид”.

Ҷон Биден дар соли 2011 дар зарфи 53 рӯз бо қоиқи худ уқёнуси Атласро низ гузашта буд ва 2 600 мили обиро тай кард. Чунин комёбиҳо акнун танҳо ба вай тааллуқ дорад.

Дар соли 1983 Питер Бирд-қоиқрони дигари Британия талош карда буд, ки ҳамин масирро, яъне аз Сан-Франсиско то Австралия шино кунад, вале 33 мил то ба замини Австралия вайро як киштӣ аз фоҷеа халос кард. Вай 294 рӯз, яъне 85 рӯз бештар аз Ҷон Биден дар уқёнус буд. Питер Бирд баъд аз соли 1983 чанд бори дигар талош кард, ки уқёнусро бигзарад ва ба Австралия расад. Вале дар соли 1996 дар баҳр нопадид шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG