Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ баъди гирифтани шиносномаи Русия ва харидани манзил дар шаҳри Грозний, ҳамакнун дар телевизион ба тарғиби таомҳои озарӣ рӯй овардааст.

Ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие баъди гирифтани шиносномаи Русия ва харидани манзил дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистон ҳамакнун ба тарғиби таомҳои озарӣ дар телевизион рӯй овардааст. Баъди гирифтани шиносномаи Русия ҳунарманди фаронсавӣ Жерар Депардие (Gerard Depardieu) ба тарафи ҷануб ҳаракат дорад. Ибтидо ӯ дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистон соҳиби манзили зист шуду ҳоло дар як рекламаи телевизиони Euronews таомҳои озариро тарғибу тавсиф мекунад.






Депардие сари миз нишаста бо тановули таомҳои озарӣ машғул асту аслан фаромӯш кардааст, ки коргардони филм ӯро бо сенария ошно мекунад. Баъди муддате Депардие ба худ омада, мегӯяд, “кишваре, ки чунин таоми болаззат дорад, воқеан кишвари оқил аст!”. Ин реклама бахше аз шиори тарғиботии Озарбойҷон аст, ки “Орзу амалӣ шуд!” унвон дорад. Бори аввал дар соли 2011-ум Депардие дар Арманистон ба тарғиби ширкати миллии ҳавоии “Армавиа” машғул шуда буд. Ҳамон вақт гуфта буданд, ки ӯ нақша дорад, дар як филми озарӣ ҳам ҳунарнамоӣ кунад.





Соли равон зимни боздиди Депардие аз Чеченистон раҳбари ин ҷумҳурӣ Рамзан Қодиров дар як муҷтамаи биноҳои осмонбӯси маркази Чеченистон ба ӯ манзили зист тӯҳфа кард. Ибтидои моҳи равон, вақте яке аз ин биноҳо ба коми оташ рафт, шӯхиву латифаҳое пайдо шуданд, ки Депардие бо сигори рӯшан хоб рафта, сабабгори сӯхтор дар ин бино шудааст. Депардие бо духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова ҳам ҳамкориҳои ҳунарӣ ташкил кардааст. Моҳи январ ҳамчун маҳсули барномаи муштараки онҳо як оҳанги Гулнора Каримова рӯи наворҳо пайдо шуд.






Моҳҳои ахир номи Депардие дар расонаҳои хабарии ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ зиёд ба чашм мехӯрад. Ӯ бо шикоят аз болоравии андоз шиносномаи фаронсавии худро канор гузошта, дар давоми чанд рӯз соҳиби шаҳрвандии Русия шуд. Президенти Русия Владимир Путин шахсан ба Депардие шиносномаи шаҳрванди Русияро тақдим кард. Аз ин маросим шумори зиёди русҳову афроди довталаби шарҳвандии Русия нороҳат шуданд, зеро одатан касби шаҳрвандии Русия чанд солро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG