Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайравони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Шоҳидони Яҳво" ба паҳн кардани варақаҳои таблиғии сомонаашон дар Душанбе пардохта, ба сокинон омӯзиши бепули Китоби Инҷилро ваъда додаанд.

Пайравони созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Шоҳидони Яҳво" моҳҳои ахир таблиғи китобҳои марбут ба ин равияи насрониро дар Душанбе афзоиш додаанд. Бархе аз сокинон дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, ҳаводорони "Шоҳидони Яҳво" худро муаррифӣ намекунанд, аммо мисли таблиғи моли кадом ширкат варақаеро медиҳанд, ки дар онҷо сомонаи таълимоташон навишта шудааст.

Умед ном як сокини Душанбе бо муроҷиат ба мо гуфт, ин варақаро гирифта, кунҷкобиаш дар бораи чӣ будани торнамои "ҳомил"-и Китоби муқаддас бештар шудааст. "Вақте дар интернет ҷустуҷӯ кардам, дар ин торнамо ба забони русӣ матлабҳо ва китобҳои зиёд ёфтам. Дар он ҷо гап дар бораи Офаридгор мерафт. Фикр кардам, шояд ягон созмони исломист. Аммо як дӯстам фаҳмонд, ки ин сайти насрониҳо аст ва баъд аз он аз диданаш худдорӣ кардам," -- мегӯяд ӯ.

Яке аз хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам дар хиёбони марказии пойтахт аз як зани тақрибан сисола чунин варақаи таблиғиро дарёфт кардааст. Аммо ин зан ба пурсишҳо посух надода, талош кардааст, ҳарчӣ зудтар дуртар биравад.

Дар ин варақа номи ягон дин сабт нашудааст ва дарки он ки гап дар бораи кадом Китоби муқаддас - Инҷили масеҳиён ё Қуръони мусулмонҳо - меравад, хеле мушкил аст. "Оё Шумо дар бораи Китоби муқаддас бештар фаҳмидан мехостед? Агар ҳа, мо ба Шумо омӯзиши бепули Китоби муқаддасро пешкаш мекунем," -- омадааст дар варақа.

Ба далели он ки ҳоло "Шоҳидони Яҳво" расман фаъолият надорад, бархе аз намояндагони собиқаш аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд. Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфтанд, ин масъаларо таҳқиқ хоҳанд кард.

Таблиғи пайравони "Шоҳидони Яҳво" барои омӯзиши ройгони китоби Инҷил дар ҳолест, ки фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури дин дар итоаташ буд, мамнӯъ эълон ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, дар фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" мавридҳои нақзи қонунҳои кишварро ошкор кардаанд, ки аз ҷумла якеи он ташвиқи сарпечии сокинон аз фиристодани писарон ба хидмати сарбозист.

Дар соли 2002 низ Кумитаи вақти дини Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро бо далели нақзи қавонини кишвар барои се моҳ муттавақиф карда буд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ сабт шуда, ҳудуди 200 ҳазор пайравони дини масеҳӣ низ ба сар мебаранд, ки аксари онҳо дар даврони Шӯравии собиқ ба ин ҷо муҳоҷир шуда омадаанд ва ё дар созмону сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон кор мекунанд. Пайравони калисои православии рус аз бузургтарин созмони масеҳии Тоҷикистон дониста мешавад.

Баптистҳо, католикҳои румӣ, адвентистҳои рӯзи ҳафтум, протестантҳои куриёӣ аз созмонҳои дигари масеҳиянд. Аксари ин созмонҳо бо забони тоҷикӣ сомонаҳои худро фаъол карда, дар он ҷо филму таронаҳои мазҳабиро низ ба забони тоҷикӣ ҷой додаанд, ки барои бештар сар задани тоҷикон ба ин “макон” кумак мекунад.

"Шоҳидони Яҳво" ба гурӯҳи созмонҳои навпайдои масеҳӣ марбут аст, ки бо раҳбарии Чарлз Тейз Рассел дар нимаи дувуми асри 18 дар Амрико пайдо шудааст. Дар аввал “шоҳидон” худро пажӯҳишгарони навиштаҳои муқаддас номида ва дар соли 1931 ба худ номи “Шоҳидони Яҳво”-ро гирифтанд. Онҳо дар як ҳафта се бор нишаст баргузор мекунанд ва дар он ба омӯзиши навиштаҳои муқаддас мепардозанд. Вохӯриҳо, тибқи навиштаи сафҳаи интернетии "Шоҳидони Яҳво", бо хондани дуо оғоз меёбад ва дар он ҳамчунин "таронаҳои мазҳабӣ" сароида мешавад.

Ин созмон соли 1997 дар Тоҷикистон фаъоляташро қонунӣ карда аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Он вақт пайравони "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон даҳҳо китоб ва маҷалларо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашру паҳн мекарданд, ки "Сторожевая Башня", "Пробудитесь", "Шоҳидони Яҳво киҳоянд?" ва "Роҳ ба сӯи қуллаҳо" аз ҷумлаи онҳоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG