Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадалӣ Аҳмадов барои қатли Гошт ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд


Ислом Бобоев, яке аз муттаҳамон ба ҷинояти мудҳиш
Ислом Бобоев, яке аз муттаҳамон ба ҷинояти мудҳиш

Додгоҳи Русия чаҳор нафар аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли пурсарусадо ва бераҳмонаи аъзои як хонавода гунаҳкор донист ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Самара рӯзи 22-уми феврал ба муҳокимаи Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ва Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Зохрабов зодагони Озарбойҷонро хотима дод.

Маҳмадалӣ Аҳмадов ва Фаталиев ба зиндони якумрӣ маҳкум шуданд. Додгоҳ Бобоевро ба 25 ва Зохраровро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамаи онҳо ба роҳзанӣ, қатл ва қасди куштори кӯдак – гунаҳкор дониста шуданд.

Аҳмадов моҳи май дар фурудгоҳи Домодедово боздошт шуд
Аҳмадов моҳи май дар фурудгоҳи Домодедово боздошт шуд

Ба гуфтаи мақомот ин чаҳор нафар моҳи апрели соли 2016 ба хонаи Андрей Гошт, муовини раҳбари ситоди раёсати корҳои дохилии вилояти Самара ворид шуда ва ӯву ҳамсараш ва ду хеши дигарашонро бо калтак ва дастаи бел зада куштаанд. Аз ин ҳамла фақат як духтари 7 сола наҷот ёфтааст.

Додситонҳо мегӯянд, ки ин чаҳор нафар бо ҳадафи ғоратгарӣ ба ҳавлии афсари милисаи рус ворид шудаанд. Аммо Александр Колесников, вакили дифои муттаҳамон гуфтааст, ки далелҳои собити гуноҳи ин афрод пешниҳод нашуд ва ӯ қасд дорад, ки аз ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Баъди ин ҷинояти мудҳиш, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов ихтиёран ба ин вазорат омада ва гуфтааст, ки дар қатли аъзои хонаводаи Гошт даст надорад ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба Русия бармегардад.

XS
SM
MD
LG