Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти таъмини силоҳ ба шӯришгарони Сурия лағв шуд


Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама маҳдудияти таъмини силоҳ ба нерӯҳои мухолифини Сурия ва эътилофи байналмилалиро лағв кард. Обама гуфт, лағви таъмини силоҳ бояд дар ҷанги зидди терроризм ба Иёлоти Муттаҳида кумак кунад. Барои амалӣ шудани ин дастур котиби давлатӣ ва вазири дифоъ бояд аз пуштибонии Конгресс бархӯрдор шаванд.

Эътилофи байналмилалӣ бо сарварии Вашингтон, ки ба он даҳҳо давлат шомил шудаанд, аз соли 2014 ба ин тараф дар Сурия амалиёт пеш мебарад. Ҳавопаймоҳои эътилоф дар мубориза ба зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба баъзе гурӯҳҳои мухолифин аз ҳаво ёрӣ мекунанд.

Нерӯҳои давлатии Сурия бар зидди ин шӯришгарон бо кумаки Русия мубориза мебарад. Баъди оғози ҳуҷум ба Ҳалаб нерӯҳои Башор Асад тамоми ноҳияҳоро дар марказии таърихии ин шаҳр таҳти назорат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG