Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Сурия бомбаборони Ҳалабро қатъ кард


Русия мегӯяд, амалиёти ҳарбии нерӯҳои ҳукумати Башор Асад дар шарқи Ҳалаби Сурия қатъ шудааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни ҷаласаи ҳамтоёнаш аз кишварҳои САҲА дар Ҳамбург гуфтааст, ки наздики 8 ҳазор сокини осоишта аз Ҳалаб берун бароварда мешаванд. Лавров онро бузургтарин амалиёти башардӯстона тайи солҳои ҷанги Сурия хондааст.

Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин афзудааст, ки дар ду мулоқоти ахир бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керри оиди баргузории ҷаласаи коршиносони низомӣ ва дипломатҳо барои ҳалли "мушкили шарқи Ҳалаб" ба созиш расиданд. Ин ҳамоиш қарор аст, 10 декабр дар Женева баргузор шавад.

Шӯришгарони шарқи Ҳалаб мегӯянд, дар натиҷаи 26 рӯзи ахири даргириҳо беш аз 800 одам кушта шуда, то 3,5 ҳазори дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG