Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародари Ҷорҷ Буш номзадияш дар интихоботи 2016-ро эълон кард


Ҷеб Буш

Ҷеб Буш

Ҷеб Буш -- бародари Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури пешини Амрико эълон кард, ки дар интихоботи президентии 2016 дар Иёлоти Муттаҳида яке аз довталабон аст ва қасдаш аз ин тасмим пирӯзист.

Ҷеб Буш, ҳокими собиқи Флорида ва бародари Ҷорҷ Буш – раисиҷумҳури пешини Амрико ба таври расмӣ номзадияш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз тарафи ҷумҳурихоҳонро эълон кард. Оқои Буш рӯзи душанбе дар донишгоҳе дар шаҳри Маямии иёлати Флорида гуфт, "ман бо дили худ ва барои пирӯзӣ вориди ин корзор мешавам".

Ҷеб Буш дар ин суханронии худ аз идомаи ҳузури демократҳо дар Кохи Сафед норозигӣ кард ва афзуд, "мо ба як раисиҷумҳур ниёз дорем, ки фақат дар раъси нухбагони Вашингтон набошад. Мо ба як раисиҷумҳур ниёз дорем, ки иродаи кофӣ барои тағйири сиёсат дар пойтахтро дошта бошад."

Оқои Буш аз сиёсати кунунии хориҷӣ дар Амрико, ки ба қавли ӯ бештар аз сӯҳбатҳои телефонӣ иборат аст, интиқод намуд. Ӯ гуфт, "намешавад бо сӯҳбатҳои телефонӣ сиёсатро идора кард. Сиёсати хориҷӣ ба ҷо монда чизе нест ба ҷуз аз хушунате, ки фарогир шуда; душманоне, ки ном бар худ надоранд вадӯстоне, ки ҳимоят нашуданд."

Ҷеб Буш, ҳокими собиқи иёлати Флорида ва номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амрико қаблан гуфта буд, агарчӣ баъзе дидгоҳҳои ӯ бо падару бародараш – Ҷорҷ Буши калониву хурдӣ монанданд, аммо баъзан мухолифи якдигаранд. Ҷорҷ Буши калонӣ (падар) дар замони президентии Роналд Реган ба ҳайси муовини ӯ кор карда, баъдан аз 1989 то 1993 худаш низ зимоми қудрат дар Иёлоти Муттаҳидаро дар даст доштааст.

Вай 41-умин ва Ҷорҷ Буши хурдӣ (писар) 43-юмин раиси ҷумҳури Амрико буданд. Ҷорҷ Буш - бародари Ҷеб Буш солҳои 2001-2009 дар курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаста буд. Ҷорҷ Буши писар баъд аз ду давраи раёсати ҷумҳурӣ ва дар ҳоле ки ҷанги Ироқ норизоятии бисёреро дар Амрико барангехта буд ва вазъияти иқтисодии он кишвар дар ҳоли суқут буд, Кохи Сафедро тарк кард.

Ҷеб Буш ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ феҳристи гурӯҳи аввалияи мушовирони худро нашр карда ва дар ихтиёри расонаҳо гузошта буд, ки дар он ҷо номи Ҷеймс Бейкер ва Ҷорҷ Шултс, вазирони умури хориҷии пешини Амрико дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Реган низ ҳастанд. ​

Инчунин, Том Ритч ва Мичел Чертофф, вазирони пешини амнияти миллии Амрико дар замони Ҷорҷ Буши писар ва Паул Волфовитз, муовини пешини вазири дифои Амрико, ҳам дар ин гурӯҳ қарор доранд. Аз Паул Волфовитз ба унвони "меъмори аслии ҷанги Ироқ" ном бурда мешавад. Вай аз чеҳраҳои саршиноси муҳофизакорони нав ба шумор меравад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико соли 2016 баргузор хоҳад шуд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири собиқи умури хориҷӣ ва ҳамсари Билл Клинтон - раисиҷумҳури пешини Амрико номзади Ҳизби демократ дар ин интихобот аст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ӯ қавитарин номзади демократҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи 2016 Ҳилларӣ Клинтон нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG