Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеб Буш: "Дидгоҳҳоям аз падар ва бародарам фарқ мекунад"


Ҷеб Буш, ҳокими пешини иёлоти Флоридаи Амрико ва номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии ИМА мегӯяд, бо падар ва бародараш дидгоҳҳои мутафовит дорад.

Ҷеб Буш, ҳокими собиқи иёлати Флорида ва номзади эҳтимолӣ дар интихоботи президентии Амрико аз тарафи ҷумҳурихоҳон, гуфтааст, агарчӣ баъзе дидгоҳҳои ӯ бо падару бародараш -- Ҷор Буши калониву хурдӣ монанданд, аммо баъзан мухолифи якдигаранд.

Ӯ дар ҷараёни суханронии худ дар Шӯрои умури ҷаҳонии Чикаго афзудааст, "одам бояд хушбахт бошад, ки афроде аз хонаводааш дар шаклгирии сиёсати хориҷии Амрико нақш доштаанд. Ҳарчанд гоҳе дидгоҳҳои ман бо падар ва бародарам монанд мебошанд, аммо дидгоҳҳое ҳаст, ки ман бо онҳо дар тазод ҳастам."

Ҷорҷ Буши калонӣ (падар) дар замони президентии Роналд Реган ба ҳайси муовини ӯ кор карда, баъдан аз 1989 то 1993 худаш низ зимоми қудрат дар Иёлоти Муттаҳидаро дар даст доштааст. Вай 41-умин ва Ҷорҷ Буши хурдӣ (писар) 43-юмин раиси ҷумҳури Амрико буданд. Ҷорҷ Буш - бародари Ҷеб Буш солҳои 2001-2009 дар курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаста буд.

Ҷеб Буш баҳори соли гузашта гуфта буд, дар охири сол дар бораи номзадиаш тасмим хоҳад гирифт. Ӯ дар қисмати дигар аз суханронии худ дар нишасти Чикаго гуфтааст, "ҳар раиси ҷумҳурӣ, усулҳоро аз президентҳои қаблӣ мегирад."

Вай ҳамчунин феҳристи гурӯҳи аввалияи мушовирони худро нашр карда ва дар ихтиёри расонаҳо гузоштааст. Номи Ҷеймс Бейкер ва Ҷорҷ Шултс, вазирони умури хориҷии пешини Амрико дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Реган дар ин феҳрист зикр шудааст.

Инчунин, Том Ритч ва Мичел Чертофф, вазирони пешини амнияти миллии Амрико дар замони Ҷорҷ Буши писар ва Паул Волфовитз, муовини пешини вазири дифои Амрико, ҳам дар ин гурӯҳ қарор доранд. Аз Паул Волфовитз ба унвони "меъмори аслии ҷанги Ироқ" ном бурда мешавад. Вай аз чеҳраҳои саршиноси муҳофизакорони нав ба шумор меравад.

Дар феҳристи аввалияи мушовирони Ҷеб Буш, номҳои дигаре низ омадааст. Мегар О'Сулливан, мушовири пешини амнияти милии Ҷорҷ Буши писар, ки дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи Ҳарванд дарс мегӯяд, касе аст, ки гуфта мешавад, коҳиши ниёзмандии Амрико ба манбаъҳои энержии Ховари Миёнаро, ки Ҷеб Буш дар назар дорад, пайгирӣ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед-Пресс", Вин Вебер, аз мушовирони сиёсати хориҷии Митт Ромни -- номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амико дар соли 2012, низ дар миёни мушовирони Ҷеб Буш ҳузур дорад.

Ҷорҷ Буши писар, пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурӣ ва дар ҳоле ки ҷанги Ироқ норизоятии бисёреро дар Амрико барангехта буд ва вазъияти иқтисодии он кишвар дар ҳоли суқут буд, Кохи Сафедро тарк кард.

Ҷеб Буш, дар миёни тарафдорони эҳтимолии молии худ дар Чикаго гуфтааст, ки пайванди динӣ ва хонаводагии қавӣ бо бародараш дорад, аммо мисли ҳар хонаводаи дигаре, "ихтилофоте миёнашон" ҳаст.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико соли 2016 баргузор хоҳад шуд. Аз Ҳилларӣ Клинтон ба унвони номзади эҳтимолии Ҳизби демократ дар ин интихобот ном бурда мешавад. Хонум Клинтон ҳамсари раиси ҷумҳури пешини Амрико Билл Клинтон мебошад ва дар маъмурияти қаблии Барак Обама, дар симати вазири умури хориҷии он кишвар ифоаи вазифа намудааст.

XS
SM
MD
LG