Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасадҳои варзишгарони истаравшанӣ аз Қубодиёну Шаҳритус пайдо шуданд


Ҷасадҳои ду тан аз варзишгарони истаравшанӣ, ки чанд рӯз қабл мошини онҳо дар дараи Варзоб сарозер шуда буд, аз дарёи Кофарниҳон дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус берун оварда шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои истирорӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус ҷасадҳои ду волейболбози тоҷикро, ки рӯзи 23 июн дар дарёи Варзоб сарозер шуда буданд, пайдо намуда, ба дасти пайвандонашон додаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷасадҳоро рӯзи гузашта сокинони ин ноҳияҳо пайдо кардаанд ва барои нигоҳ доштанашон якеро зери хок кардаанд ва дигареро дар латапораи тар печонида нигоҳ доштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло мушаххас нашудааст, ки ин ду ҷасади пайдошуда кадоме аз се ҷасади варзишгарони сарозершуда ҳаст ва онҳо кӯшиш доранд, ки ҳувияти онҳоро муайян кунанд,

Ин ҳодисаи нохуш бегоҳи 23 июн тахминан соати 5 дар дараи Варзоб баъди гузаргоҳи Майхӯра рух дод ва мошини тамғаи Опел-Астра G", ки ронандааш Эҳромхон Исоеви 44-сола, мураббии мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии шаҳри Истаравшан буд, бо панҷ шогирди худ ба дарё сарозер шуданд.

Ҷасади ронанда Эҳромхон Исоев ва писари ӯ Саидамир Исоевро рӯзи 24 июн наҷотбахшон аз дарё берун оварданд. Наҷотбахшон яке аз ҷасадҳоро дар маҳали Чорбоғ ва дигареро дар обанбори Варзоб пайдо карда буданд.

Ҷасади се нафари дигар -- писари ронанда Саидусмон Исоев ва ду варзишгари навраси дигар Исмоил Ҳамдамов ва Беҳрӯз Ҳомидов аз сӯи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуданд.

Аз ин шаш нафар, ки дохили мошин буданд ва аз Истаравшан ба Душанбе барои ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявии наврасони солҳои таваллудашон 1999-2002 оид ба баскетбол ба Душанбе меомаданд, танҳо як нафар Ҳусейн Исоеви 13-сола ҷон ба саломат бурдааст.

Ба ин тартиб, то кунун ҷасадҳои чаҳор нафар аз дарё берун оварда шуда ва ҷустуҷӯи як нафари боқимонда идома дорад.

XS
SM
MD
LG