Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба кӯдакони маъюби Тоҷикистон кӯмак мекунад


Намунаи арбоачаи маъюбӣ, ки Ҷопон ба кӯдакони тоҷик тақдим медорад.
Намунаи арбоачаи маъюбӣ, ки Ҷопон ба кӯдакони тоҷик тақдим медорад.

Як ниҳоди мададрасони марбут ба Ҷопон мегӯяд, барои кӯдакони маъюби Тоҷикистон 600 000 доллар сарф хоҳад кард.

Ассотсиатсия кӯмак ва дастгирии Ҷопон (АКД Ҷопон) иҷрои тарҳи наверо сар кард, ки ба табобат ва таъмини таҷҳизоти тиббии марбут ба кӯдакони маъюб ихтисос ёфтааст. Барои иҷроии ин тарҳ зиёда аз 600 ҳазор доллар сарф шуда, татбиқи он як солро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ин ниҳоди кишвари Ҷопон ҳадафи аслии ин барнома таҳкими фаъолияти Маркази офиятии кӯдакона дар ноҳия Ваҳдат ва таъмини ин марказ бо таҷҳизоти тибби будааст. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ Маркази тиббии марбут ба кӯдакони маъюб дар шаҳри Хуҷанд низ бо аробачаҳо ва васоили махсус барои кӯдакони маъюб таъмин мешавад. Аз ҷумла 70 аробачаи маъбӣ ба маркази эҳёи Ваҳдат ва 50 аробачаи дигар ба кӯдакони маъюби Хуҷанд тақдим мегардад.

Бино бар омори Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии кӯдакони маъюб, дар Тоҷикистон наздик ба 31 ҳазор кӯдаки зери 18-сола ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад. Ҳарчанд дар бораи теъдоди аслии ниёзмандони дастрасӣ ба ин гуна васоил омори дақиқ вуҷуд надорад, аммо ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 1 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба доштани аробачаҳои маъюбӣ ниёзманд аст.

Маросими имзои қарордоди марбут ба тарҳи нави Ассотсиатсия кӯмак ва дастгирии Ҷопон (АКД Ҷопон) дар шаҳри Душанбе бо иштироки сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳиройуки Имаҳашӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG