Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Ҷопон (U-19) қаҳрамони Осиё гардид. Мунтахаби Ҷопон дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 19-сола дар Баҳрайн бар тими Арабистони Саудӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Футболбозони ҷавони Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ бар дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада буданд. Баъдан онҳо дар даври ниманиҳоӣ тими Ветнамро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Арабистони Саудӣ 30-юми октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор шуд. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори ҷопониҳо омад кард ва бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Манамаи Баҳрайн ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора дохил гардид. Дар мусобиқаи гурӯҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик аз мунтахаби Узбакистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, бар тими Чин бо ҳисоби 2:0 ғолибомада, бозиро бо дастаи Австралия бо ҳисоби 0:0 анҷом доданд. Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 миёни ҷавонони то 19-сола

Даври чорякниҳоӣ

Ҷопон – Тоҷикистон – 4:0

Ироқ – Арабистони Саудӣ – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

Баҳрайн – Ветнам – 0:1

Узбакистон – Эрон – 0:2

Даври ниманиҳоӣ

Арабистони Саудӣ – Эрон – 6:5

Ветнам – Ҷопон – 0:3

Бозии ниҳоӣ

Ҷопон –Арабистони Саудӣ – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG