Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Ёров озод шуд


Мувофиқи Қонуни афв, вакили дифоъ Ҷамшед Ёров рӯзи 30 сентябр ба озодӣ баромад. Вакили мудофеи Ҷамшед Ёров рузи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз зерҳимояаш бар асоси Қонуни афв аз боздоштгоҳи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе озод шуд.

Ӯ гуфт, ки Ҷамшед Ёров, ки бар асоси моддаи 311, қ. 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, гуноҳҳояшро эътироф карда буд.

Баъди озод шудан аз боздоштгоҳ Ҷамшед Ёров ҳамроҳ бо аҳли дигари хонаводааш барои ширкат дар суханронии охирини бародараш - Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳи шаҳри Душанбе рафтааст.

Ҷамшед Ёров – вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва бародари Бузургмеҳр Ёров – моҳи август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ҷамшед Ёров барои ифшои қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ боздошт шуд, ки ба қавли мақомот, маҳз тавассути ӯ ба дасти мухолифон дар хориҷа афтод ва баъдан дар сайти марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нашр шуд.

Хонаводаи Ҷамшед Ёров он вақт гуфтанд, ки ӯ танҳо аз ҳақии Маҳмадалии Ҳаит дифоъ мекард ва ба ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дастрасӣ надошт. ​

Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ин пеш гуфтанд, аз рӯи қазияи ошӯби мусаллаҳонаи 4 сентябри соли гузашта, ки масъулияти ташкили онро ба дӯши муовини вақти вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва маблағгузориашро ба дӯши ҲНИТ вогузор кардаанд, 170 нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ин мурофиаҳо махфӣ ва пӯшида сурат гирифта, вакилони дифоъ, хешовандон ва дигар шоҳидону ширкатдорони додгоҳҳо баёнот навиштаанд, ки ҷузъиёти ин қазия ошкор намешавад.

Вале рӯзи 4 август дар сайти марбут ба ҲНИТ нусхаи 90-саҳифаии ҳукми додгоҳии аъзои баландпояи ҲНИТ суолҳоеро дар заминаи тарзи берун рафтани ин мавод эҷод кард.

Созмони ҳолландии “Вакилон дар ҳимояти вакилон” (L4L) рӯзи 29 август аз боздошти ин вакили дифои тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон бо пахши изҳороте навишт, ки дар номае ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки боздошти Ҷ.Ёров ба фаъолиятҳои касбии ӯ иртибот дорад. L4L менависад, ки рӯзи 22 август Ҷамшед Ёров бо гумони фош кардани сирри давлатӣ боздошт шуд. Ин созмон менависад, ки аз рӯи иттилои онҳо, “аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон баъди содир ва ба иҷро даромадани ҳукми судӣ дигар махфӣ ҳисоб намешаванд”.

Инчунин бо талаби озод шудани Ҷамшед Ёров ва вакилони дифои дигар - Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов, фарзандони Исҳоқ Табаров дар нишасти ахири Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева ИМА, Бритониёи Кабир ва созмони Ҳюман Райтс Вотч садо баланд карданд.

XS
SM
MD
LG