Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Фархор ду сокини ин ноҳияро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ва таблиғи ақидаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 5-солии зиндон маҳкум кардааст.

Олимҷон Набиев ва Раҷабалӣ Муродов, сокинони ноҳияи Фархор, ки соҳибкори маҳаллӣ ҳастанд, моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буданд. Яке аз масъулони додгоҳи ноҳияи Фархор рӯзи 9 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "Раҷабалӣ Муродов бо он ки фаъолияти равияи "Салафия" ва гурущи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ ва ҳатто террористӣ ва ифротгароӣ эълон шудааст, аммо баъзе аз наворҳои ин созмонҳоро ба телефонҳои дигарон гузарондааст. Олим Набиев низ ба ин кор машғул будааст."

Ба қавли мусоҳиби мо, Олимҷон Набиев дар бозори ноҳияи Фархор ба фурӯши телефон ва дигар таҷҳизот машғул будааст. Раҷабалӣ Муродов ба савдои маҳсулоти ғизоӣ сару кор доштааст.

Тибқи иттилои масъулони Додгоҳи ноҳияи Фархор, Олимҷон Набиев ва Раҷабалӣ Муродов мӯҳлати ҷазоро дар зиндони шаҳри Кӯлоб сипарӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони маҳкумшудаҳо гуфтаанд, нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят нахоҳанд кард. Бахтиёр Набиев, бародари Олим Набиев, гуфт, "ҳукм содир шуд ва ҳоло ӯ дар зиндони шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Имрӯз рӯзи дидорбинӣ буд ва наздаш омадем. Ягон шикоят надорем.»

Маҳкум ба зиндон шудани ду сокини ноҳияи Фархор ба иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи минтақаи Кӯлоб панҷ сокини ноҳияи Ҳамадониро барои иттиҳоми мушобеҳ мутаносибан аз се то панҷсолӣ ҳабс кардааст. Ин панҷ сокини ноҳияи Ҳамадонӣ – Ҷумъахон Раҷабов, Асламхон Паллаев, Мирзоватан Кучаров, Аврангзеб Файзалиев ва Шарифхон Самиев ҳастанд, ки ба гуфтаи Азизи Назрибек, додраси додгоҳи минтақаи Кӯлоб, барои таблиғи ақоиди созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” муҷрим шинохта шудаанд.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, аз ҷумла созмони “Давлати исломӣ” ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи омори расмӣ беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ҳастанд.

То кунун даҳҳо тан барои ташвиқи ширкат дар ҷанг ва ҳам иштирок дар ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG