Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як зани 34-сола аз Душанберо барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба доштани се шавҳар муттаҳам карда буд.

Зарина Сардорова, сокини 34-солаи Душанбе, барои иштирок дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва даъвати сокинон ба "ҷиҳод" тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Ин қарорро рӯзи 24 феврал Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир кард ва гуфт, ки Сардорова мӯҳлати адои ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.

Ҷӯрабек Ширинзода, додраси парванда ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Зарина Сардорова - модари ду фарзанд - дар аввалҳои соли гузашта тариқи Ғозиёнтеппаи Туркия ба Сурия гузашта, ҳашт моҳ дар минтақаи Дайруззури он кишвар ҳузур доштааст. Ӯ гуфт, баъди бомбаборон шудани ин минтақа Зарина Сардорова худро бо 600 долларе, ки дар ҷайбаш дошт, то Туркия расонда ва сипас аз онҷо бо ёрии наздиконаш ба Душанбе баргаштааст.

Ҷӯрабек Ширинзода

Ҷӯрабек Ширинзода

Ба қавли додрас Ширинзода, Зарина Сардорова моҳи октябри соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, парванда боз шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, Зарина Сардорова барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон, дар шабакаи "Одноклассники" бо номи Парвина Аминова, сафҳа кушода, аксҳояшро низ бо силоҳ дар дасташ, нашр кардааст. Ин зан бо Маърифат ном зани тоҷик, ки дар Туркия зиндагӣ мекардааст, дар "Одноклассники" шинос шуда, ба Туркия меравад.

Наздикони Зарина Сардорова аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ карда, ҷузъиёти боздошту эҳтимоли шикояташон аз болои ин қарори додгоҳро низ баён накарданд. Вале додраси парванда гуфт, ки онҳо ҳақ доранд, то даҳ рӯзи дигар барои бозбинии ин ҳукм шикоят бибаранд.

Зарина Сардорова дар додгоҳ

Зарина Сардорова дар додгоҳ

Зиндонӣ шудани Зарина Сардорова дар ҳолест, ки соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориши телевизионӣ ӯро барои фиреби хонаводааш ва дар як вақт доштани се шавҳар муттаҳам кард. Дар ин гузориш гуфта шуд, ки Сардорова бо ваъдаи табобату истироҳат дар Туркия ба Истанбул рафта ва аз онҷо ба Сурия гузаштааст ва наздиконаш баъди бе ному нишон шудани ӯ ба ҷустуҷӯяш афтодаанд.

"Шавҳари ӯ, Рустам Раҳмонов ба хотири барқарор кардани саломатӣ ва саёҳати ҳамсараш аз бонк се ҳазор доллар қарз гирифта, умедвор буд, ки пас аз ҳафтае ҳамсараш ба хона бармегардад. Вале аз ваъдаи бозгашти Зарина ҳафтаҳо сипарӣ мешуду аз ӯ хабаре набуд. Дар натиҷаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор шуд, ки Зарина на дар Туркия, балки дар Сурия қарор дорад," - гуфта шуд дар гузориши ВКД.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он вақт гуфта буд, Зарина Сардорова ҳангоми дар душанбе буданаш дар як вақт бо ду мард зиндагӣ карда, баъди ба Сурия рафтанаш бори сеюм бо як марди дигар никоҳ кардааст.

Дар гузориши телевизионии ВКД гуфта шуд, ки никоҳи мусалмонии Зарина бо шавҳари дувумашро дар Душанбе раиси бахши ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ анҷом додааст. Ҳамсари дувуми ин зан дар гузориши телевизионӣ гуфта буд, аз оиладории Зарина аслан хабар надошт. Ба қавли ӯ, "Зарина вақти шиносоӣ гуфта, ки шавҳару кӯдак надорад."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки айни замон беш аз 1000 сокини кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёна, бахусус Ироқу Сурия рафтаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар маҷлиси солонаи ҳукумат рӯзи 21 январи соли ҷорӣ гуфт, дар маҷмӯъ 146 хонавода аз Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ кӯч баста ва 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG