Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 сокини Ҷомӣ барои пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон шаш сокини ин ноҳияро, ки барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам дониста мешуданд, аз 3 то 5,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон шаш сокини ин ноҳияро, ки барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам дониста мешуданд, аз 3 то 5,5 соли зиндон маҳкум кардааст. Котиботи додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 14 июн ба Озодӣ гуфт, ин шаш нафар асосан ҷавонон буда, бар асоси қисми якуми моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “даъват ба экстремизм”, муҷрим шинохта шудаанд.

Ин ҳукм охирҳои ҳафтаи гузашта таҳти додрас Рустам Мирзоев содир шуда, аммо котиботи додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тоза ин хабарро таъйид кард. Ба қавли манбаъ, чаҳор нафар аз ин ҷавонон - Некрӯз Ҷумъаев, Ҷасур Рашидов, Фарҳод Меликов ва Фарҳод Ҳаитов 3-солӣ ва Маҳмадкарим Рӯзиеву Зафар Раҳимов 5,5-солӣ равонаи зиндон шудаанд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Некрӯз Ҷумъаев ва Ҷасур Рашидов – 5-солӣ (зиндони низомаш умумӣ), Фарҳод Меликов – 6 сол, Фарҳод Ҳаитов – 6,5 сол, Маҳмадкарим Рӯзиев ва Зафар Раҳимов – 7-солӣ (зиндони низомаш сангин) талаб карда буд.

Шаҳло Хокироева, модари Некрӯз Ҷумъаев, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки нисбат ба ҳукми додгоҳ розӣ нест, “зеро фарзандам бо “Салафия” ҳеч иртибот ба надорад”. Ашӯр Меликов, падари Фарҳод Меликов, низ гуфт, аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят бурда, бозбини парвандаи писарашро талаб хоҳад кард.

Ӯ гуфт, писарашро дар моҳи январи соли ҷорӣ барои ҳамкорӣ бо сайти туркии “Салоса” боздошт карда буданд. “Баъд аз як ҳафтаи боздошти писарам Кумитаи дин ҳамин торнаморо мавриди ташхис қарор дод ва хулосаашро пешниҳод кард, ки ин сайт сиёсӣ нест. Фарҳодро вақте ба намоз мерафт, мақомоти умури дохилӣ боздошт карда буданд,” – афзуд Меликов.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, ки беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Пас аз ин изҳороти Додситонии кулл боздошти муттаҳамон ба "Салафия" дар гӯшаҳои кишвар афзоиш ёфт. Дар пайи чунин боздошти гурӯҳии пайравони ҷараёни мамнӯи "Салафия" мақомот раҳбари худхондаи ин гурӯҳ Муҳаммадии Раҳматуллоҳро низ дастгир кардаанд.

Муҳаммадии Раҳматуллоҳ ҳанӯз соли 2008 эътироф карда буд, ки ӯ пешвои гурӯҳи "Салафия" аст, вале то дер гоҳ дар озодӣ буд ва танҳо пас аз боздошти даҳҳо узви гурӯҳаш ӯ боздошт ва ҳабс шуд. Мақомот ӯро ба се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла барои барангехтани кинаю адовати динӣ муттаҳам медонанд. Нахустин гуруҳи пайравони “Салафия”, бо шумули Эшони Сироҷиддин ва писараш Киромиддин, соли 2010 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба ҳабс маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG