Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нӯҳ сол ҳукми зиндони нафари нахустин аз боздоштшудаҳои ҲНИТ


Додгоҳи олӣ раиси ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ дар Фархорро ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин маҳкумияти нафари нахустин аз боздоштшудаҳои ҲНИТ баъди ҳодисаҳои сентябр аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҳизби, инак, мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Фархорро ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ 30 ноябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки мурофиаи оқои Раҳимов таҳти раёсати додрас Адҳам Акрамов паси дарҳои баста сурат гирифта, ҳукмаш 27 ноябр эълон шудааст.

Ба қавли мусоҳиби мо, Ҳасан Раҳимов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" гунаҳкор эълон шудааст. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

Наздикони Ҳасан Раҳимов низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, вакили дифоъ Саодат Юсуфова рӯзи 28 ноябр онҳоро аз ин ҳукми додгоҳ огоҳ кардааст. Ба гуфтаи онҳо, дар мурофиаи Ҳасан Раҳимов танҳо ба ҳамсару фарзандон ва бародаронаш иҷозат додаанд, ки барои ҳудуди панҷ дақиқа бо ӯ мулоқот кунанд. Дар мурофиа бархе аз ҳамдеҳагони Ҳасан Раҳимов ҳамчун шоҳид ширкат кардаанд.

Ба гуфтаи наздикони Ҳасан Раҳимов, баъд аз хабари дарёфти ҳукми додгоҳ онҳо хостаанд, ки аз болои он шикояти кассатсионӣ баранд, вале ба онҳо гуфта шудааст, ки онҳо ин ҳақро надоранд, чун парванда махфӣ аст ва танҳо худи Ҳасан Раҳимов метавонад дар ҳамон дохили СИЗО шикоят барад.

Аммо вакили мудофеъ Саодат Юсуфова аз суҳбати телефонӣ худдорӣ кард ва гуфт, дар бораи қазияи нафари таҳти ҳимояташ танҳо рӯ ба рӯ метавонад ҳарф занад.

Рӯзҳои 16 ва 17-уми сентяри соли ҷорӣ мақомоти тоҷик 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Саидумар Ҳусайниро ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода боздошт карданд.

Ҳамагӣ чанд рӯз баъд, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо пешниҳоди Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи 23 узви раёсати ҲНИТ зери баррасӣ қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG