Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Шаҳринав, 43-километрии ғарби Душанбе, Малоҳат Азизова – сокини ин ноҳияро барои оташ задан ва ба марг расондани ҳамсари бародараш Мастура Аҳмадоваи 26-сола гунаҳкор донист ва ба чор солу чор моҳи зиндон маҳкум кард.

Як манбаъ дар додгоҳи ноҳияи Шаҳринав рӯзи 22-юми август ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳукм охири ҳафтаи гузашта содир шуда, Малоҳат Азизова бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" айбдор дониста шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 15 сол ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Аммо хонаводаи Мастура Аҳмадова ин ҳукмро ноодилона хонданд. Онҳо мегӯянд, дар пайи оташ зада шудани духтарашон дар хонаводаи шавҳар, натанҳо ӯ, балки тифли панҷмоҳаи батнаш низ ҳалок шудааст.

Зиёдулло Аҳмадов, падари Мастура Аҳмадова, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо ба далели надоштани маблағи кофӣ вакили дифоъ нагирифта буданд ва ин боис шуд, ки хоҳаршӯи духтарашон ҳамагӣ чор солу чор моҳ ҳукм бигирад. Аҳмадов гуфт, дар асл додситон барои Малоҳат Азизова 12,5 соли зиндон талаб карда буд.

Дар сари гаҳвора будааст, ки хоҳаршӯяш як пакети селофании сиёҳро оварда, ба сару рӯяш бензин рехтааст...

"Барои он ки зан ҳасту ду кӯдак дорад, ҳукмро кам кардаанд. Инро ҳам таъкид мекунам, ки ба хотири хуб набудани вазъи иқтисодӣ мо адвокат надоштем ва шояд ба ин хотир натавонистем аз худ ба таври кофӣ дифоъ кунем," - афзуд Аҳмадов. Ҳоло падари Мастура талош дорад, ки аз рӯйи ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Қазияи сӯзондани Мастура Аҳмадова, сокини 26-солаи ноҳияи Шаҳринав, аз сӯи хоҳаршӯяш моҳи марти имсол рух дода, баъди 55 рӯзи табобат дар бемористон даргузашт. Муяссара Аҳмадова, модари Мастура мегӯяд, духтараш панҷ сол пеш бо як сокини ноҳияи Шаҳринав издивоҷ карда, як духтар дошт ва ба дунё омадани фарзанди дувумашро интизор буд.

Ба қавли ӯ, зиндагии духтараш баъди талоқ гирифтани хоҳаршӯяш Малоҳат Азизова ва дар хонаи онҳо маскун шудани ӯ “талх гардидааст”.

“Хоҳаршӯяш бо ду кӯдаки худ дар хонаи падар меистад. Мастура ба хона даромадааст, то кӯдакашро дар гаҳвора бихобонад. Дар сари гаҳвора будааст, ки хоҳаршӯяш як пакети селофании сиёҳро оварда, ба сару рӯяш бензин рехтааст. Сипас гӯгирдчӯбро оташ зада, ба сӯяш ҳаво додааст. Духтарам барои наҷоти кӯдаки гаҳворааш рӯи ӯро бо кӯрпа пӯшондааст, вале худаш 90 дарсад сӯхт ва баъди чанд муддати табобат сиҳҳат нашуду аз дунё рафт," – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, хонаводаи шавҳари Мастура Аҳмадова иддао доранд, ки ӯро касе насӯзонда, баръакс, ӯ даст ба худсӯзӣ задааст. Аммо дар як тамоси телефонӣ пайвандони шавҳари Мастура нахостанд, ки дар бораи ин қазия ҷузъиёт диҳанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бояд муҷозоти афроде, ки занҳоро шиканҷа карда ба марг мерасонанд ва ё боис ба худкушии онҳо мешаванд, вазнинтар гардад. Онҳо мегӯянд, ҳодисаҳои то ин дам ҷазо додани омилони худкушии занон зиёд нестанд ва бештари онҳое ҳам, ки муҷозот шудаанд, зуд аз тариқи қонуни афв чаҳордевори маҳбасро тарк кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG