Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

170 саҳифа номаи М.Исмоилов ба президент


Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонӣ дар як номаи иборат аз 170 саҳифа ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори бознигарии парвандаи ӯ ва раҳоияш аз маҳбас шудааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонӣ дар як нома ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори бознигарии парвандаи ӯ ва раҳоияш аз маҳбас шудааст. Дар ин номаи тӯлонӣ, ки дар як дафтари 170-саҳифаӣ бо қалами худкор навишта шуда, Исмоилов аз маҳбас ахиран ба дафтари Радиои Озодӣ фиристод, вай қиссаи зиндонӣ шудани худро батафсил ва бо лаҳни пурсӯз нақл кардаааст.

Дар ин нома хабарнигори зиндонӣ менависад, ки маъюби дараҷаи 3 буда, ду бор аз гӯш ва пояш ҷарроҳӣ шудааст ва шароити маҳбас саломатии ӯро зери хатар бурдааст. Ҳамсараш дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт дар манзили иҷора бо ду кӯдаки хурдсол зиндагӣ мекунад ва инчунин ӯ сарпарастии хоҳари 76-сола ва маъюби дараҷаи якашро бар дӯш дорад.

Номаи Исмоилов ба президент.
Номаи Исмоилов ба президент.

Исмоилов афзудааст, ба давлату ҷамъият хиёнат накарда, пули давлатро низ ноҳақ истифода накардааст ва танҳо “мақолаҳои тезутунд”-и худро танҳо “ба хотирии ободии диёр” ва “рафъи қонуншиканиҳо” навиштаву дар матбуот чоп карда буд. Ба думбол вай аз раисҷумҳур хоҳиш кардааст, ӯро ба хотири пош нахӯрдани хонаводааш, ки такягоҳи онҳо буду ризқашон аз нони рӯзноманигориву газетафурӯшии ӯ буд, “аз зиндон озод намояд.”

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми октябри соли гузашта дар ноҳияи Ашт рӯзноманигори маҳаллӣ - Муҳаммадюсуф Исмоиловро мутобиқи бандҳои 250, қисми 2-и ва 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “тамаъҷӯии такрорӣ“, “қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” ва “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” гунаҳкор эълон ва ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд.

Номаи Исмоилов ба президент.
Номаи Исмоилов ба президент.

Вай ҳоло дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекунад. Исмоилов дар 22 саҳифаи аввали номааш бо мисолҳое мушаххас аз қонуниву боадолатона таҳқиқу бознигарӣ нашудани парвандаҳои як идда маҳбусони зиндони Хуҷанд нақл карда, аз раисҷумур расидагӣ ба мушкили онҳоро тақозо кардааст.

Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба муроҷати вакили дифои Исмоилов ҳукми нисбат ба ӯро “вазнин” дониста, аз раёсати додгоҳи вилояти Суғд хост парвандаро бозбинӣ ва мӯҳлати ҳабси Исмоиловро кам кунад, аммо раёсати додгоҳи Сғд ин пешниҳодро “беасос” номида, рад кард.

XS
SM
MD
LG