Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон Қурбонов – дар нимфинали қаҳрамонии бокси Осиё


Ҷаҳон Қурбонов

Ҷаҳон Қурбонов

Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд ба нимфинал баромад.

Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд шаҳри Бангкок ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, “дар ин мусобиқа ба ҷуз Ҷаҳон Қурбонов, дигар муштзанҳои тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ҷаҳон бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор мешавад, рақиби муштзани тоҷик як варзишгар аз Қазоқистон мебошад. Ҷаҳон Қурбонов барои унвони қаҳрамони Осиё талош мубориза хоҳад бурд, вале агар дар қувваозмоии ниманиҳоӣ шикаст хӯрад, бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад”, гуфт Мирзо Шамсиев.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат дорад, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.

Теъдоди варзишгарон дар ҳар як вазн:

49 кг: 20 муштзан

52 кг: 19 муштзан

56 кг: 25 муштзан

60 кг: 24 муштзан

64 кг: 18 муштзан

69 кг: 19 муштзан

75 кг: 21 муштзан

81 кг: 18 муштзан

91 кг: 13 муштзан

+91 кг: 11 муштзан

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиев, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои якум то ҳафтумро ишғол мекунанд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф мешаванд. Вале дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад.

Мирзо Шамсиев, инчунин иттилоъ дод, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ сабқати қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобӣ – моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG