Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонҳои нуқраи Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева


Ҷаҳон Қурбонов. Акс аз бойгонӣ
Ҷаҳон Қурбонов. Акс аз бойгонӣ

Ба дунболи Мавзуна Чориева, муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов низ дар мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ дар Чин медали нуқра ба даст овард.

Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ дар Чин дар вазни то 91 кг медали нуқра ба даст овард.

Ҷаҳон Қурбонов баъди пирӯзӣ бар муштзани муғул ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ рақибаш аз Украина, ки пештар лат хӯрда буд, аз идомаи сабқат даст кашид. Бинобар ин, Ҷаҳон бидуни рақобат ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақибаш Сергей Калчугин аз Русия шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Қаблан дар ин мусобиқот муштзани шинохтаи тоҷик Мавзуна Чориева низ сазовори нишони нуқра шуда буд.

Дар мусобиқаи байналмилалии «Сhina Open of Boxing-2014», ки дар шаҳри Гуйяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар аз 13-ум то 20-уми июл баргузор шуд, панҷ муштзани тоҷик - Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев ва Светлана Веглина - бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, ширкат доштанд.

Мавзуна Чориева
Мавзуна Чориева

Мирзо Шамсиев баъди бозгашт аз Чин рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, «Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Муғулистон, Чин ва Таиланд ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Янг Чун Хуа аз Чин аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард.»

Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кг кори Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, омад накард. Дар даври муқаддамотӣ бар асари зарбаи сахти рақиби қазоқаш сари ӯ шадидан осеб ёфт ва бо тасмими пизишкон сабқат қатъ шуд. Анвар аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 75 кг дар даври аввал ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ мағлуб шуд.

Дар сабқати занон намояндаи дигари Тоҷикистон Светлана Веглина дар рақобатҳо дар вазни 51 кг дар даври аввал аз муштзани Кореяи Шимолӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд.

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев акнун муштзанҳои тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG