Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳон Қурбонов ҳам дар Бозиҳои Осиё бе медал монд


Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи рост) ҳангоми рақобат дар майдони бокс

Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи рост) ҳангоми рақобат дар майдони бокс

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар сабқати бокс дар вазни то 91 кило дар даври чорякниҳоӣ шикаст хӯрд, бе медал монд.

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки 30-юми сентябр дар Бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар сабқати бокс дар вазни то 91 кило рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард, бе медал монд. Вай қувваозмоиро ба рақибаш Маҳмуд Дарвеш Ал-Матбулӣ аз Урдун бо ҳисоби 1-2 бохт.

Ҷаҳон Қурбонов, ки севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ширкат кард, аз ин пеш як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар 11 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар12 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, дзюдо, камонварӣ, софт теннис, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG