Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Залимхон Юсупов дар Бозиҳои Осиё (7 АКС)


Залимхон Юсупов, варзишгари Тоҷикистон, дар сабқати гуштии озод аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ медали нуқра ба даст овард.

Залимхон Юсупов, варзишгари Тоҷикистон, дар сабқати гуштии озод аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Вай дар сабқати мардон дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикастдода, ба финал баромад.

Имрӯз варзишгари дигари тоҷик Искандари Рустам дар гуштии озод дар вазни то 97 кило дар даври муқаддамотӣ бар Хиаоченг Суи аз Чин пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Мамед Иброҳимови қазоқ мағлуб гашт ва аз ҳаққи мубориза барои медал маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 91 варзишгар, то кунун дар Бозиҳои XVII Осиё як медал ба даст овардааст. Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, шоми дирӯз, 27-уми сентябр, дар сабқати гурзандозӣ байни мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ин сеюмин нишони тиллои гурзандози тоҷик дар Бозиҳои Осиё мебошад.

Алъон Тоҷикистон бо ду медал – як тилло ва як нуқра дар ҷойи 21-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG