Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иван Шербаковро барои ташхиси вазъи рӯҳияш ба Русия бурдаанд


Иван Шербаков ҳамроҳи оилааш. Акс аз саҳифаи "ВКонтакте"

Иван Шербаков ҳамроҳи оилааш. Акс аз саҳифаи "ВКонтакте"

Гумонбар дар қатли Шоира Ҷобироваи 22-сола барои ташхиси вазъи рӯҳияш ба бемористоне дар Екатеринбург бурда шудааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ӯ дубора ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешавад, барои ташхис ба шаҳри Екатеринбург бурда шудааст. Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 16 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар он ҷо Шербаковро ташхис мекунанд, ки воқеан гирифтори бемории рӯҳӣ аст, ё не".

Ин манбаъ афзуд, Иван Шербаков рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ тариқи хатти сайри Душанбе-Екатерингбург ҳамроҳи намояндагони тафтишоти парвандаи ӯ ба Русия рафтааст. Вай баъд аз ташхиси вазъи рӯҳияш боз барои идомаи тафтишот ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ташхиси Шербаков дар бемористони ҳарбии Екатеринбург чӣ қадар идома мекунад.

Тавре мусоҳиби мо гуфт, ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омадааст, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудааст. "Дар ибтидо миёни онҳо барои пардохти маблағ баҳс сурат мегирад ва дар натиҷа Шербаков ӯро зарбаи сахт зада маҷрӯҳ мекунад. Баъдан ба хотири он ки Шоира шикоят набарад, ӯро кушта ҷасадашро дар дохили қуттии коғазӣ андохта, дар партовгоҳ мепартояд," -- афзуд манбаъ.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ зарур шуморидаанд, ки Иван Шербаков ташхиси рӯҳӣ карда шавад.

Дар гузашта низ вақте ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон - Илдар Сахапов ва Федор Басимов - таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоевро ба қатл расонданд, барои ташхиси бемории рӯҳӣ барои ду моҳ ба Екатеринбург бурда шуданд. Баъди ба Душанбе овардан, додгоҳ Илдар Сахапов ва Федор Басимовро аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Иван Шербаков ба гумони қатли Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябри соли ҷорӣ боздошт шуда, дар бозпурсиҳои ибтидоӣ ба гуноҳаш иқрор кардааст. Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси моддаи 105, қисми 2-и қонуни ҷиноии Русия - “куштори барқасдона” - парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот аз сӯи мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати дифои Русия қбалан гуфта буд, барои таҳқиқи ин ҳодиса як комиссияи махсус низ фиристодааст.

Ҷасади Шоира Ҷобирова рӯзи 10 ноябр ба дасти наздиконаш супурда шуд ва онҳо гуфтанд, ки дар баданаш изи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Модараш Идигул Азимова мегӯяд, ки бар асоси иттилои дарёфтии онҳо духтарашро гӯё чаҳор афсари пойгоҳи 201-ум ба хобгоҳи сарбозони ин пойгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи “Гипрозем” бурдаанд ва ӯ талаб дорад, ки дар курсии айбдорӣ на фақат Шербаков, балки се ҳамроҳи дигари ӯ низ бинишинанд.

Наздикони Шоира Ҷобирова мегӯянд, ки ӯ як ҳафта пеш аз маргаш дар яке аз қаҳвахонаҳои наздики пойгоҳи Русия дар Душанбе ба кор даромада, шоми 5 ноябр “гум” шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба ин қазия ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов нота ё ёддошт супурд ва аз Маскав расман хост, ки қазияро одилона баррасӣ кунад. Инчунин, дар ин нота аз ҷониби Русия тақозо шудааст, ки барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо бо иштироки сарбозону афсарони пойгоҳи 201-ум дар кишвар чораҳои фаврӣ биандешад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG