Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шербаков дар бемористони касалиҳои руҳӣ бистарӣ шудааст


Дар акс: Иван Шербаков ҳамроҳи завҷааш
Дар акс: Иван Шербаков ҳамроҳи завҷааш

​Афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам дониста мешавад, дар бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Екатеринбург бистарӣ шудааст.

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро, ки дар қатли Шоира Ҷобироваи 22-сола айбдор мешавад, дар бемористони касалиҳои рӯҳии шаҳри Екатеринбург бистарӣ кардаанд. Шербаков дар нимаи дувуми моҳи ноябр барои ташхиси вазъи рӯҳияш аз Душанбе ба Екатеринбург фиристода шудааст.

Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия 10 декабр ба Озодӣ гуфт, Иван Шербаков то замони бистарӣ шуданаш асосан дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққат нигоҳдорӣ мешуд ва ҳар замон барои ташхис ӯро ба бемористон мебурданд. “Дар бемористон бистарӣ кардани ӯ ба маънои комилан гирифтори касалиҳои рӯҳӣ буданаш нест. Балки аз ин тариқ табибон ҳаматарфа меомӯзанд, ки ӯ рӯҳан мушкил дорад ё не,” -- афзуд манбаъ.

Тавре наздикони Шербаков низ ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия хабар додаанд, онҳо ҳамарӯза аз вазъи ӯ хабар мегиранд ва саломатияш хуб аст

Шоира Ҷобирова
Шоира Ҷобирова

Аммо ин хабар наздикони Шоира Ҷобироваро, ки мунтазири ҳарчи зудтар поён ёфтани парвандаи қатли ӯ ҳастанд, нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, шояд аз ин тариқ мақомоти Русия мехоҳанд, ки нафари муттаҳам дар қатли духтари онҳоро мубталои бемории руҳӣ эълон карда, шояд аз ҷазо озод кунанд ё муҳлати адои ҷазояшро камтар намоянд. Идигул Азимова, модари Шоира Ҷобирова, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз шунидани ин хабар хушҳол нашуда, балки умедаш барои ҷазои сахт гирифтани Иван Шербаков камтар гардидааст.

Аммо мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мегӯянд, ки зери ин коса ҳеч нимкоса нест ва танҳо як марҳилаи додгоҳӣ аст, ки бояд сипарӣ шавад. Манбаи наздик ба мақомоти тафтишоти пойгоҳ низ гуфт, “ҳар сарбозе, ки ба куштори бераҳмона даст мезанад, зарур аст ки аз нигоҳи вазъи рӯҳӣ санҷида шавад.”

Иван Шербаков рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ тариқи хатти сайри Душанбе-Екатеринбург ҳамроҳи намояндагони тафтишоти парвандаи ӯ ба Русия рафтааст. Вай баъд аз ташхиси вазъи рӯҳияш боз барои идомаи тафтишот дар аввалҳои соли оянда ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омада, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудаанд.

Шербаков ба гумони қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябр дастгир шуд ва то замони интиқолаш ба Екатеринбург дар боздоштгоҳи муваққати рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешуд. Додгоҳи рақами 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кардааст.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябр аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира паи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Дар пайи ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов ёддошти расмӣ супурд, ки дар он аз ҷониби Маскав хоста шудааст, аз такрори чунин амали сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.

XS
SM
MD
LG