Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусоҳиба бо имову ишора бо сарбози тирхӯрда (ВИДЕО)


​Хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон рафт, ки ду ҳафтаи пеш қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болост ва бо имову ишора ҳарф мезанад.

Наҷмиддин Қаюмов, сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки ду ҳафтаи пеш бо истифода аз “Калашников” қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе бистарист, бо имову ишора ва гоҳе навиштани фикрҳояш ба рӯи коғаз ба пурсишҳои хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб дод. Ӯ гуфт, айни замон вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд оварда, умедаш барои идомаи зиндагӣ бештар шудааст.

Бо вуҷуди саволҳои зиёд дар мавриди он ки чаро қасд ба ҷони ҷавонаш кардааст, ин сарбози Вазорати дифоъ посухи дақиқе надод ва танҳо гуфт, дар хидмат мушкиле надошт ва намедонад чаро ин ҳолат рух додааст.

Ин ҷавоби Наҷмиддин Қаюмов дар ҳолест, ки ҳам наздикони ӯ ва ҳам муфаттишони Додситонии низомӣ мунтазири посухаш буданд, то рӯшан кунанд, қазия чигуна ва дар чӣ вазъе иттифоқ уфтодааст. Қаблан ки Наҷмиддин дар ҳолати кома ва ё беҳушӣ буд, онҳо мегуфтанд, интизори

ба худ омадану ҳарф задани ӯянд. Вале ҳоло маълум нест, ин посухи сарбози тирхӯрда, ки дар мавриди қазияааш ба мо гуфт, то куҷо роҳро барои муфаттишон боз мекунад.

Ин сарбози тоҷик ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора, ки оё ҳамхидматону намояндагони Вазорати дифоъ низ ба ҳолпурсии ӯ меоянду кумак мекунанд, бо сарҷунбонӣ ҷавоб гуфт. Ӯ гуфт, то ҳоло ҳамхидматонаш ба дидорбинияш наомада, аммо намояндагони Вазорати дифоъ пайваста аз ҳоли ӯ хабар мегиранд.

Наҷмиддин Қаюмов, ба қавли табибон, дар ду-се рӯзи охир ба худ омада, барои идомаи табобаташ ба Шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолони Қарияи Боло интиқол ёфтааст. Наздиконаш ҳам мегӯянд, Наҷмиддин ҳоло бидуни ягон мушкил аз ҷои худ хеста, ҳаракат мекунад ва камтар ба ёрии дигарон эҳтиёҷ дорад. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо мояи азияти Наҷмиддин дар ҳоли ҳозир аст, ин аст, ки ҳарф зада наметавонад.

Акбаршоҳ Олимов, мудири Шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолон дар Қарияи Болои шаҳри Душанбе гуфт, Наҷмиддин Қаюмовро рӯзи 17 феврал ҷарроҳӣ хоҳанд кард ва ӯ изҳори умед намуд, баъд аз он вазъи

Акбаршоҳ Олимов

Акбаршоҳ Олимов

ин сарбози тирхӯрда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Дар мавриди он ки оё Наҷмиддин Қаюмов дубора кай ба ҳарф задан хоҳад даромад, Олимов санаи дақиқеро пешбинӣ накард ва танҳо гуфт, “сабр бояд кард”.

"Ин ҷарроҳӣ барои ҷо ба ҷо кардани устухонҳои ҷоғ анҷом дода мешавад. Барои ҷарроҳӣ Маркази миллии тиббӣ, Вазорати беҳдошт ва қисман Вазорати дифои Тоҷикистон кумак мекунанд. Ҷарроҳие, ки қаблан анҷом шуда буд, танҳо ба хотири расондани ёрии аввалия буд. Он вақт табибон талош карданд, хунравӣ аз ҷоғу бинии Наҷмиддин Қаюмовро манъ кунанд. Он замон дар рӯй захмҳои зиёд ҷой дошт. Бофтаҳо канда шуда буданд, ки бофтаҳоро ҷо ба ҷо кардем",-шарҳ дод Олимов.​

Наҷмиддин Қаюмов, ки шаш моҳи пеш ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, ду ҳафтаи қабл бо истифода аз автомати “Калашников” қасд ба ҷони худ намуд. Қасди худкушӣ ва марги мармузи сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ин ҳодисаҳо дар баъзе маворид расонаӣ мешаванд, вале умудатан пӯшида мемонад.

Айни видео дар Ютуб:

Моҳи апрели соли гузашта расонаҳо аз марги Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, ки гӯиё дар пайи банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст. Мақсуд Носирови 21-сола 27 январи соли 2014 дар қисми низомии 2758, воқеъ дар ноҳияи Спитамен, бар асари латту кӯби куҳнасарбозон ба ҳалокат расид. 4 гунаҳкори ин фоҷиа аз 5 то 7,5 -солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

Аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо қазияи Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст, ки бар асари латту кӯб саломатиашро аз даст дода, то ҳол мавриди ташхису табобати табибон қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG