Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯйдодҳои рӯзи 27 феврал дар Симферопол - маркази маъмурии ҷумҳурии мухтори Қрим - осебпазирии ҳукумати нави Украинаро ба намоиш гузошт.

Субҳи 27 феврал афроди мусаллаҳ биноҳои ҳукумат ва парлумони Украинаро забт карда, бар боми ин биноҳо парчамҳои Русияро афрохтанд.

Арсен Аваков - иҷрокунандаи мақоми вазири корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки нируҳои ин вазорат ва пулис ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шуда, атрофи ин ду биноро ба муҳосира гирифтаанд. Анатолий Моҳилёв - нахуствазири Қрим мегӯяд, ки як гурӯҳи 50 нафарии афроди мусаллаҳ субҳи рӯзи панҷшанбе посбонони ин ду биноро бидуни задухурд барканор карданд ва ба бино дохил шуданд. Онҳо парчамҳои Русияро дар болои бино овехтанд ва кормандони ҳукуматиро аз вуруд ба дохили бино пешгирӣ карданд.

Касе осеб надидааст. Ин пешомадҳо баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва нигарониҳои рӯзафзун аз ҷудоиталабӣ рух додааст, зеро дар ин нимҷазира бештар аҳолии ҷонибдори Русия ба сар мебаранд.

Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Володимир Притула - рӯзноманигори мустақили украинӣ дар Симферополи Қрим пурсидем, ки баъд аз тасарруфи бинои парлумону ҳукумати Қрим вазъ дар Симферопол чӣ гуна аст?

Нирӯҳои пулис дар назди парлумони Қрим

Нирӯҳои пулис дар назди парлумони Қрим

Володимир Притула: Вазъ хеле муташанниҷ ва ҳатто ман метавонам бигӯям, ки хатарнок аст. Вазъи шаҳр ором ба назар мерасад, дар маҳаллоти марказӣ кормандони пулис чандон зиёд нестанд. Нақлиёт дар маркази шаҳр ҳаракат намекунад ва одамонро ба сӯи порламон роҳ намедиҳанд. Вале як гурӯҳи ҷонибдори Русия тақрибан иборат аз 100 нафар бо зӯрӣ ба бинои порламон даромаданд. Изҳороти хаттии Виктор Янукович - раиси ҷумҳури барканоршударо қироат карданд. Вай мегӯяд, ки ба сари қудрат бармегардад ва ҳамаи қарорҳои ҳукумати кунунии Украинаро бекор мекунад. Вай то ҳол худро сарфармондеҳи нируҳои мусаллаи Украина мешуморад ва мегӯяд, ки ситоди марказии нируҳои мусаллаҳро ба Севастопол интиқол медиҳад. Вай меафзояд, бо фармони худ Бонки Марказӣ ва сохторҳои дигари миллиро ба Севастопол кӯч медиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, ки барои кӯмак ба Русия муроҷиат мекунад. Ин суханонро фаъолони ҷонибдори Русия бо кафзанӣ пазироӣ карданд.
Ҳоло як гурӯҳи намояндагони порламони Қрим ва аъзои ҳайати раиса ё прзезидиуми порламон дар дохил бо Владимир Константинов-раиси порламон гӯё ҷаласа баргузор ва дар он истиқлоли Қримро баррасӣ мекунанд.

Озодӣ: Афроди мусаллаҳе, ки вориди ду бино шудаанд, аз кадом нируҳо намояндагӣ мекунанд, аз Виктор Янукович ё онҳо низомиёни Русия ҳастанд?

Володимир Притула: Ҳоло маълум нест, ки ин афрод кӣ ҳастанд, онҳо худашон ба берун намеоянд ва бо рӯзноманигорон сӯҳбат намекунанд. Онҳо нахостанд бо нахуствазири Қрим вориди музокира шаванд. Вай омад, ки бо онҳо сӯҳбат кунад ва фаҳмад, ки ин афроди мусаллаҳ чӣ мехоҳанд. Онҳо гуфтанд, ки салоҳияти анҷоми музокираро надоранд. Вале раиси порламон ва ҳайати раисаи порламони Қримро ба бинои порламон иҷоза доданд. Бино ба маълумоти Рустам Темиргалиев-муовини назхуствазири Қрим, ин афрод худро гурӯҳи дифоъ аз аҳолии русзабони Қрим муарррифӣ кардаанд. Ҳоло дар бинои порламон ва ҳукумати Қрим тақрибан 50-60 нафарӣ аз ин афрод ҷой гирифтаанд. Онҳо аслиҳаву муҳимоти зиёди ҷангӣ доранд. Яке аз шоҳидони айнӣ ин ҳарфҳоро ба ман гуфт. Онҳо дар як автобус омдаанд ва бо онҳо як мошини Камаз ҳам омадааст, ки пур аз аслиҳаву муҳимот будааст.

Озодӣ: Коршиносон чӣ мегӯяд, оё имкон дорад, ки ин афроди мусаллаҳ зери фишор ба тасмимгириҳои ҷаласаи порламон таъсир расонанд?

Янукович ва Путин (Акс аз бойгонӣ)

Янукович ва Путин (Акс аз бойгонӣ)

Володимир Притула: Аз як сӯ ин гуна пешбиниҳо ҳаст, ки зери фишор террористҳо тасмимҳоро ба нафъи худ ҳал мекунанд. Аз сӯи дигар коршиносон истисно намедонанд, ки раҳбарияти порламони Қрим аз ин ҳамлаи афроди мусаллаҳ огаҳ будаанд ва бо онҳо иртибот доранд. Вале ин шояд як амалиёти муҳим барои бозгардонидани Виктор Янукович ба сари қудрат бошад, яъне аз роҳи бдоман задани нооромиҳо дар Қрим ва дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии Украина. Истисно намедонанд, ки шояд дар паси ин амалиёт кадом нируҳои махсуси амниятии Русия ҳам қарор дошта бошанд. Вале ин назар аст ва онро коршиносони мухталифу муфассирони мухталиф ба забон меоранд. Ҳоло маълумоти расмӣ хеле кам аст.

Озодӣ: Дар робита бо чунин вазъ ҳукумати марказии Украина дар Киев чӣ тадбирҳо меандешад ва ҳукумати маҳаллӣ низ?

Володимир Притула: Он гуна, ки Анатолий Моҳилёв-нахуствазири Қрим хабар дод, ситоди вижаи раҳоии ин ду бино ташкил шудааст. Ба ин ситод нируҳои интизомӣ дохил шудаанд, Аз Киев ҳам нируҳои тақвиятӣ меоянд. Ҳоло дар ин бора тасмими мушаххас нест, вале Турчинов-иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурии Украина бо раҳбарони ниҳодҳои низомӣ ҷаласае баргузор кард. Ҳоло Турчинов изҳор дошт, ки ҳар гуна ҳаракати техникаи низомии Русия дар қаламрави Украина таҷовузи низомӣ арзёбӣ мешавад ва баъд аз он зиреҳпӯшҳои Русия, ки аз воҳидҳои низомии худ дар Симферопол аз қитъаҳои худ хориҷ шуда буданд, дубора ба ҷойҳои худ баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG