Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон узвият дар Иттиҳодияи гумрукиро меомӯзад


Тоҷикистон мегӯяд, ки шарту шароити даромадан ба узвияти Иттиҳодияи гумрукиро меомӯзад. Ин созмони нави кишварҳои пасошӯавӣ аз 1 январи соли 2015 расман ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Тоҷикистон то ҳол дар бораи даромадан ба узвияти Иттиҳодияи Гумрукӣ ба таври расмӣ изҳорот надодааст ва гаҳ гоҳе бо назарҳо дар бораи омӯзиши ин масъала иктифо кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон-кишвари ҳамсоя Жогорку Кенеш ё парлумон Харитаи роҳро барои даромадан ба Иттиҳодияи гумрукӣ дар қироати аввал ба тасвиб расонд ва ба ҳамин тартиб майли худ ба узвият дар ин иттиҳодияро рӯшан кард.

Дар ин иттиҳодия Русияву Беларус ва Қазоқистону Арманистон узвият доранд ва он аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ном мегирад. Харитаи роҳи Қирғизистон аз 16 санади қонунӣ иборат аст ва дар он танзими андоз, боҷи гумрукӣ, соири масоили ҳамкорӣ ва доду гирифти иқтисодии миёни кишварҳои узв дохил шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ Алмазбек Отамбоев - раисиҷумҳури Қирғизистон эълон карда буд, ки кишвараш то поёни соли ҷорӣ ба узвияти Иттиҳодияи гумрукӣ медарояд. Вале ин изҳороти вай дар дохили кишвар ба мухолифат рӯ ба рӯ шуд ва ҳоло ҳукумат мегӯяд, ки барои даромадан ба ин иттиҳодия бояд кишвар омода шавад ва мӯҳлати даромадан ба узвиятро ба ин баҳона то соли 2020 тамдид кард.

Бо вуҷуди ин, ки акнун порлумони Қирғизистон барои омодагӣ иҷоза дод, вале то ҳол баъзе аз намояндагони порламон, аз ҷумла Равшан Женбеков бар ин ақидаанд, ки бо даромадан ба Иттиҳодияи гумрукӣ Қирғизистон истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии худро зери суол мебарад. Аммо аксари намояндагони порламони Қирғизистон аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар ҷаҳон равандҳои ҳамгароӣ афзоиш ёфтааст ва кишвари онҳо низ бояд ба ин равандҳо ҳамроҳ шавад. Дар ин маврид онҳо аз ҳамгароӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳое мисли БРИКС, АСЕАН ва мисли онро дар назар доранд.

Саидраҳмон Назриев--муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Саидраҳмон Назриев--муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Аммо дар Тоҷикистон чӣ тавр? Оё Тоҷикистон ҳам барои даромадан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ омодагӣ дорад? Дар посух ба ин суол Саидраҳмон Назриев--муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Радои Озодӣ чунин гуфт:

Назриев: Дар Тоҷикистон низ бо супориши раиси ҷумҳур оид ба омӯхтани масъалаҳои манфӣ ва мусбати ворид шудан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ як гурӯҳи вижа ташкил шудааст ва таҳлилу баррасиҳои ин гурӯҳ идома дорад. Онҳо аз ҷумла қонунҳо ва санадҳои меъёриро дида мебароянд ва вақте, ки Тоҷикистон дар бораи узвият пешниҳод гирифт, ин санадҳо дар назар гирифта мешаванд. Хулосаи таҳқиқоти гурӯҳ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва кор дар ин замина идома дорад. Вазорату идораҳо ва мақомоти дигари ҷумҳурӣ онро омӯхта истодаанд.

Озодӣ: Агар Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ дарояд, ё он гуна, ки номи он дигар мешавад ва аз он Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ном мебаранд, дар он сурат Тоҷикистон чун узви Созмони Ҷаҳонии савдо аз тиҷорат ё доду гирифт бо кишварҳои узви ин созмон зарар нахоҳад дид?

Назриев: Фикр мекунам, на. Мо бо назардошти манфиатҳои миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ мекунем.

Озодӣ: Ҳоло доду гирифти иқтисодӣ бо кадом кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Савдо бештар аст?

Назриев: Бо Туркияву Ҳиндустон, Чину Эрон, бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, бо Амрико, Ҷопон ва мисли инҳо.

Озодӣ: Агар Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳодияи ҳамкории иқтисодии АвруОсиё дарояд, кишварҳое мисли Русия мумкин аст пофишорӣ кунанд, ки бештар маҳсулоти онҳоро Тоҷикистон ворид кунад, на аз кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Савдо?

Назриев: Агар мо ба ҳар созмони иқтисодӣ ворид шавем, масъалаҳои заруриро ҳатман баррасӣ мекунем, яъне дар назар мегирем, ки аз ин узвият манфиати миллии Тоҷикистон чӣ аст ва ин манфиатҳо дар ҷои аввал хоҳад буд.

Озодӣ: Худи Тоҷикистон хоҳони даромадан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ҳаст ё на, мешавад мушаххас бигӯем?

Назриев: Тасмим дар бораи ин масъала дар ихтиёри мо нест. Инро дар сатҳи болотар хоҳанд дид. Мо пешниҳодҳои худро медиҳем, ҳаматарафа фикрҳо ва хулосаҳову таҳлилҳои худро медиҳем. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раҳбарияти ҷумҳурӣ ин масъалро баррасӣ хоҳанд кард.

Озодӣ: Масалан, Қирғизистон эълон кард, ки барои даромадан ба Иттиҳодияи ҳамкории иқтисодӣ Харитаи роҳро таҳия мекунанд ва то соли 2020 тарафҳои манфӣ ва мусбаташро меомӯзанд ва нуқтаи назари худро мегӯянд. Оё ҳамин гуна Харитаи роҳ барои Тоҷикистон ҳам дар назар гирифта шудааст?

Назриев: Агар дар Тоҷикистон раҳбарият дар бораи ворид шудан қарор қабул кунанд, албатта Харитаи рогҳ таҳия хоҳад шуд. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки бо даромадан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ бартарӣ бештар хоҳад буд ё зарар. Вале фикр мекунам, ки Тоҷикистон кишвари хурд аст ва барои мо ҳамкориҳои бештар муфид хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG