Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз насли онҳое, ки дар охири қарни 19 ба дунё омадаанд, ҳоло ба ҷуз Эмма Морано мусалламан каси дигаре дар қайди ҳаёт нест. Ӯ 29 ноябри соли 1899 дар шаҳраки Пемонта таваллуд шуда, шоҳиди ду ҷанги ҷаҳонӣ ва тағйири 90 ҳукумат дар Италия будааст.

Аз хонаводаи Эмма Морано то имрӯз ҳеҷ кас намондааст ва бинобар ин, ба зодрӯзи 117-умини ӯ ҳамсояву дӯстон ба табрикаш омаданд. Ҷавоне, ки Эмма ошиқаш буд, дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон ҳалок шуда, ӯро ба нафаре ба шавҳар доданд, ки дӯст намедошт. Фарзанди нахустинашро, ки баъдан дар нимсолагӣ фавтид, дар соли 1937 ба дунё овардааст. Як сол баъд аз ин, Эмма шавҳари бадмасташро аз хона ронд.

Эмма мегӯяд, зиндагиаш чандон хуб набуд, то 65-солагӣ дар фабрика кор мекард.

Яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи Эмма мусиқӣ будааст. Мегӯяд, овозхониро дӯст медошт ва садояш ҳам, ба гуфтаи дӯстонаш, зебо буд. Пизишк Карло Бава солҳои зиёд аст, ки аз саломатии Эмма муроқибат мекунад.

Ӯ сирри дарозумрии ин бонуро дар якнавохт будани ғизоҳояш медонад. Вай мегӯяд, "вақте ман бо ӯ шинос шудам, дар як рӯз 3 тухм мехӯрд - дутояш хом ва яке бирён буд. Ҳоло ӯ танҳо ду тухми хом мехӯрад. Шояд се дона барояш аллакай зиёд аст. Ӯ ҳамеша мева ва сабзавотро кам истеъмол мекард. Доим як чиз мехӯрд."

Эмма Морано дар манзили начандон калон дар шаҳри Вербания дар шимоли Италия зиндагӣ мекунад. Эҳтимол ҳавои Пемонта ва зебоии кӯли Лаго Маҷоре низ барои дарозумрии ӯ мусоидат кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG